Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст ва ба қавли баъзе табибон дар гармӣ ва тарӣ мӯътадил мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: бодомро бо набот бихӯранд, ҷавҳари мағзи сарро устувор нигоҳ медорад, узвҳои ботиниро аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор пок мегардонад, чашмро қувват мебахшад, дарун ва ҳалқро мулоим мекунад ва барои узвҳои даруни сина форам аст.
Шираи мағзи бодомро бо шакар ширин карда бинӯшанд, сурфа, дағалии узвҳои даруни сина ва ҳалқро ба ибро меоварад; дамкӯтаҳӣ ва зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни сина)-ро шифо мебахшад ва хун қай карданро манъ менамояд.
Мағзи бодомро бо ним вазни он зифт бихӯранд, сурфаро дафъ мекунад.
Пӯҷоқи онро то сиёҳ шуданаш сӯхта, ба дандон бимоланд, дандон ва милки онро мустаҳкам мекунад ва худи дандонро аз чирк пок месозад.
Хӯрдани бодом ҳамаи узвҳои ботинӣ ва дарунро мулоим мекунад, барои захми рӯдаҳо ва ҳичак, исҳол (агар аз рутубати меъда бошад), даво мешавад; манӣ пайдо мекунад ва тезии маниро ислоҳ мегардонад (зимнаи огоҳ намоем, ки агар мании мард тез бошад, баъди ҳар як муҷомаат зан дар даруни худ хеле муддат сӯзиш ҳис мекунад ва аз он мард фарзанд намешавад), сӯзиши пешобро низ ба ислоҳ меоварад, баданро фарбеҳ мегардонад. Агар инро бо шакар ё бо қанди сафед бихӯранд, ҳамчун ғизо пуркувват мегардад, дарунро мулоим мекунад гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, инчунин бо анҷир бихӯранд, низ дарунро мулоим месозад ва барои иллати куленҷ, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст, фоида мебахшад.
Бодоми кӯфтагӣ барои меъда вазнин ва дер аз он мефурояд, вале бо чизҳои иштиҳоовар бихӯранд, аз меъда зудтар фуруд меояд.
Аз бодом мураббо тайёр карда бихӯранд, ҳамчун ғизо ва барои фарбеҳ гардонидани бадан беҳтар ва дар ислоҳи ҳолати бади гурда бошиддат таъсир мебахшад.
Бодомро то бӯяш баромадан тафсонида, баъд мағзи онро ҷудо карда бихӯранд, меъдаро қавӣ мегардонад, исҳолро мебандад, нармӣ ва сустии онро (меъдаро)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор