Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

дафъ мекунад, боҳро пуркувват месозад, маниро зиёда менамояд.

17,5 грамм мағзи бодомро кӯфта, бо асал хамир сохта, лесида бихӯранд, дарди ҷигар ва сурфаро шифо мебахшад; бодҳоро, хусусан бодҳои гурдаро, таҳлил медиҳад.

Ғӯраи бодомро бо пӯсташ бихӯранд, буни дандонро мустаҳкам мекунад ва мизоҷи пӯсти он бинобар сард ва хушк буданаш ҳарорати баланди даҳанро таскин медиҳад.

Мағзи бодомро бо анҷир бихӯранд ва аз рӯ гузошта банданд, саги девона газидаро шифо мебахшад.

Гулашро бихӯранд, боҳи мардонро беҳаракат меоварад, вале боҳи занонро суст мегардонад.

Аммо хӯрдани бодом барои меъдаи сардмизоҷ ва тармизоҷ вазнин ва дерҳазм аст ва инчунин барои узвҳои шикам зарарнок мебошад. Барои дафъи ин зарарҳояш мустаққал бояд бихӯранд; инчунин моддаи сафроро бармеангезад — дар ин мавриди шакар бихӯранд, ислоҳи зарари он мекунад.

Бодом кӯҳна шавад, вайрон ва талх мегардад, агар онро бихӯранд, ғамгин месозад, иштиҳоро мебандад, дилро беҳузур (беҷо) мекунад ва ба иллати беҳушивай гирифтор менамояд. Дар ин ҳолат зуд кай карда, онро аз меъда дур намудан даркор аст ва баъд оби меваҳои турш бояд бинӯшанд.

Мизоҷи равғани бодоми ширин дар гармию сардӣ мӯътадил аст, ба майна бағоят намият мебахшад, хусусан нави он.

Хислатҳои шифобахши он: равғани бодоми ширинро бихӯранд, майнаро намнок мегардонад, барои чинғак шудани узвҳо, ки аз хушкӣ ва варамӣ бошад, форам аст; варами пардаҳо ва худи майна инчунин зот-ул-ҷанбро шифо мебахшад, бехобиро дафъ мекунад ва хоб меоварад. Ва агар батакрор ба сар бимоланд ҳам, ҳамин таъсирро дорад.

Ин равғанро бо катиро ва шакар бихӯранд, сурфаи хушкро дафъ мекунад, овосро соф ва қасабан шушро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад, рӯлахоро мулоим мекунад, зарари давоҳои исҳоловаро дафъ менамояд. Инро бо луобҳои тухми зағир, луоби гулихайрӣ ва луоби тухми биҳӣ бинӯшоманд, исҳолро мебандад, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад рӯдахоро муло

пешина
аз 702
навбатӣ