Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

дафъ намудани бемориҳои сафравӣ беҳтар аз лимӯ ва шароби он даво нест.

Мизоҷи шаробаш дар дараҷаи якум сард ва дар тариву хушки мӯътадил аст, вале шароби асалии он моил ба хушкист. Ҳаким Антоқӣ шароби шакарии онро дар дараҷаи дуввум сард ва дар якум тар донистааст.

Беҳтарин шароби соддаи лимӯ он аст, ки аз оби лимӯи нави расида молида соф гардонида бошанд, бо шакар ё бо қанди сафед ва ё бо асали соф тартиб дода, яъне ҷӯшонида бошанд, ки туршии хуштаъм дошта бошад ва аз сохтани он зиёда аз як сол нагузашта бошад, дар давогӣ истеъмол кардан равост.

Шакари сафеди софро дар зарфе карда, аз болояш лимӯро фишурда обашро бирезанд он миқдор, ки шакарро тар гардонад. Ҳамин тавр як шабонарӯз бигузоранд, пас соф намуда, аз он миқдоре оби лимӯро ба он бирезанд, то таъми онро неку турш гардонад ва баъд дар оташ ба қивом оваранд, беҳтар аст.

Хислатҳои шифобахши он: ин шароби лимӯ дар навбати аввал барои бемориҳои дар боло зикрёфта нафъ дорад; барои ҷӯшиши даҳан, бастагии забон, соф кардани овоз, пок намудани узвҳои даруни сина аз моддаҳои бегона, дафъ намудани сурфаи гарм, дилтапак (дилбозӣ), ки аз моддаҳои гарм бошанд, шикастани шиддати сафро, дафъи фишор ва ҷӯшиши хун, табҳои сафравӣ ва мураккабу даврӣ, кандан ва дафъ кардани ахлоти сӯхта ва савдовии ғафси часпак, манъ кардану боло баромадани бухорҳои савдовӣ, аз ҷояш кандани ҳар як модда ва ҳилти ғафс ва часпак даво мебошад.

Чун ин шаробро пеш аз давоҳои исҳоловар бинӯшанд, баданро барои қабул кардани давои исҳоловар тайёр мегардонад ва баъди он ғусл медиҳад баданро ва инчунин ҳар он чиро, ки дар бадан мавҷуд бошад, аз бақияи давои исҳоловар пок менамояд. Касе, ки ҳамеша инро биёшомад, саломатиашро нигоҳ медорад ва барои тамоми бемориҳои кӯдакон фоида дорад. Дар бобати дафъ кардани зарари захрҳо, табҳои даврӣ ва мураккаб мақомаш баробари тарьёқи форуқ аст.

Чун ҷавоҳиротро бо оби лимӯ бисоянд ва чил рӯз дар оби лимӯ бигузоранд, инчунин вақт-вақт оби лимӯро нав гардонанд, онҳоро ҳал мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ