Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Мизоҷи тухми лимӯ дар дараҷаи дуввум гарм ва дар охири дараҷаи якум хушк аст.

Ин бихӯранд, фараҳ меоварад, бар зидди заҳрҳо тарёқ мебошад, яъне заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад ба шарте, ки аз пӯсташ ҷудо карда бихӯранд. Аз 3,5 то 7 грамми онро бо оби гарм ё бо шароб бихоянд, кундии дандонҳоро, ки аз расидани туршӣ ба ҳам расида бошад, ислоҳ мекунад.

Чун лимӯро батамом хушк намоянд ва ба вазни он дар шакар соида бихӯранд, барои манъ ба сар баромадани бухорот, кушодани гиреҳҳои узвҳои бадан давои ба ин монандро ёфтан амри муҳол аст.

Лимӯи намакхӯрдаро биёшоманд, меъдаро қувват мебахшад, бӯи даҳан ва оруғро хушбӯй мегардонад.

Барги лимӯро бо андак қаранфули гардан ва ё дорчинӣ соида бимоланд, дарди сарро дафъ мекунад, бидуни дорчинӣ ҳам бимоланд, ҳамин гуна манфиат дорад.

Манфиати лимӯи ширин назар ба турши он зангтар, вале ба асаб зарар намемерасонад.

  1. Мош

Ин растанӣ ва дони машҳури зироатӣ аст, ки тухмашро пухта мехӯранд. Рангаш ба сабзи зардтоб моил аст.

Мизоҷи мош дар дараҷаи якум сард ва моил ба хушкист. Агар муқашшар карда, яъне аз пӯсташ ҷудо карда бошанд, баъд мизоҷаш мӯътадил дар тарӣ ва хушкӣ мегардад. Мизоҷи пӯсташ мураккабулқувват моил ба хушкист.

Хислатҳои шифобахши он: Ин ҳамчун ғизо сабуктар аз наск мебошад, бодаш камтар назар ба боқило ва беҳтарин аз донҳои хӯрокӣ мебошад. Агар бихӯранд, ғизои хуб, аз он моддаи солим дар ҷигар пайдо мешавад, вале аз меъда суст мегузарад, хусусан, ки муқашшари онро пухта бихӯранд. Зеро ки хушкӣ, қувати таҳлиллҳандагӣ дар худи пӯсташ мавҷуд мебошад.

Мош аз хӯрданиҳои фаслҳои баҳор, тобистон, мавзеъҳои гармодор, одамони гарммизоҷ, инчунин беморони иллатҳои гарм ва тездошта аст. Зеро ки мош таскиндиҳандаи

пешина
аз 702
навбатӣ