Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Ин гиёҳ намудҳои гуногун дорад, беҳтарини ҳамаш навъи хушбӯи он аст. Тухмаш монанди тухми зағир, бинобар ин инро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон зиғирак (зағирак) ҳам мегӯянд.

Мизоҷи навъи хушбӯяш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Мизоҷи навъҳои дигараш ба гиёҳ ва хоси онҳо вобаста мебошад.

Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии он: рақиқкунандаи моддаҳои ғафс, таҳлилдиҳандаи бод ва балғам аст, инчунин парокандакунандаи бодҳо ва кушояндаи гиреҳҳои бадан мебошад.

Оби барги онро бо шири занон даромехта, дар гӯш чаконанд, дардашро таскин медиҳад ва агар дар бинӣ чаконанд, дардҳои сарро хоҳ аз гармӣ бошанд ё аз сардӣ, шифо мебахшад.

Мармараки хушбӯйро бибӯянд, дарди сар меоварад, хусусан шароб нӯшида, бӯй кашанд, ин хислаташ зиёдтар зоҳир мегардад.

Ошомидани ин рӯдаҳоро қавӣ мегардонад ва меъдаро қувват мебахшад, истисқо ва бодҳои дарунро дафъ месозад, пешобро меронад, арақ меоварад, балғами меъдаро таҳлил медиҳад ва дардҳои онро сокин мегардонад.

Чун касони гирифтори иллати истисқо барг ва тухми онро, ки монанди тухми зағир аст, ҳар рӯз 7 грамм аз он бо ҳамин миқдор шакар ба дили наҳор биҳӯранд, оби ин бемориро хушк мекунад ва бо воситаи пешоб ва арақ доимо дафъ менамояд.

Чун тухми онро бирён карда, бо равғани бодоми ширин чарб намуда биҳӯранд, харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад, инчунин исҳоли хунинро мебандад, вале агар бирённокардаи онро биҳӯранд, балғамро бо воситаи исҳол дафъ мекунад. Низ бирёнкардаи онро бо тухми туршак (щавель) биҳӯранд, исҳоли хунин, захм ва харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро дармон мешавад.

Инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахт, пучак ва чиртакҳоро мепазонад.

Табиби машҳури бостонӣ Муҳаммад Закариё мизоҷи тухми мармаракро дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум тар донистааст.

пешина
аз 702
навбатӣ