Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

Мегӯянд, ки чун бар тухми мармарак андак-андак об рехта, бо ангушт бимоланд ва луоби сирро бо каме равғани ёсамин дарёмехта, се рӯз пай дар ҳам ба дили наҳор бихӯранд, шарон (аллергияи) савдоиро батамом дафъ мекунад.

  1. Зардолу

Ин меваи маълум аст, ки навъҳои гуногун дорад: мағзаш талх ва ширин низ мебошад.
Беҳтарини ҳамааш пусташ нафис, шодоб, ширин ва берешаш мулоими он аст, ки мағзи донакаш низ ширин бошад.
Мизоҷи ин дар дараҷаи дуввум сард ва гарм аст. Зоҳиран мизоҷи зардолуи ширин гармтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии зардолу: кушояндаи гиреҳҳо ва мулоимкунандаи сахтҳо мебошад.
Хӯрдани зардолуи ширин, агар дар меъда вайрон нагардад, барои одамони гарммизоҷ форам аст, бӯи бади даҳанро дафъ мекунад. Зардолуро дар об ҷӯшонида ё хушкашро як шабонарӯз дар об тар намуда, он обро бинӯшанд, моддаи сафроро бо исҳол дафъ ва дарунро мулоим мекунад, ташнагиро таскин медиҳад, фишор ва ҷӯшиши баланди хун ва сафроро паст мегардонад, тафси меъдаро сокин мекунад, оруғро дафъ месозад, хусусан майхуши (туршу ширини) он.
Чун бемори таби гарми сафройӣ пухтагии нави онро бихӯраду аз болояш оби гарм ва асал ошомида қай кунад, ахлоти кабудранг ва зангорӣ ба қай дафъ гашта, таби он нест мешавад.
Хӯрдани зардолу зарар ҳам дорад: дар меъда зуд бадбӯ ва вайрон мешавад, боднок, оруғи турш пайдо менамояд, табҳои бадбӯро ба амал меоварад; инчунин ба одамони хунукмизоҷ, касоне, ки баданашон бод дошта бошад, ба иллати сакта гирифторшудагон, оруғи турш доштагон, меъдаашон заиф ва пирон зарар дорад. Давои ҳамаи ин зарарҳояш шакар, мустако, арпабодиён ва ғайра хӯрдан аст.
Аз болои зардолу оби хунук, ях ва барф ва ё онро аз болои таоми душворҳазм хӯрдан бағоят зарарнок аст. Дар ин маврид илоҷи он қай карда, баданро бо

пешина
аз 702
навбатӣ