Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

воситаи ошомидани ҳалила ё чанд рӯз тухми арпабодиён хӯрда, пок гардонидан аст.

Зардолуро ба дили наҳор хӯрдан бисёр бад аст. Агар зардолуро бардавом бихӯранд, сатҳи даруни рӯдаҳоро мехарошад. Давои ин барои ҳамаи мизоҷҳо шакар ва арпабодиён хӯрдан аст.

Мегӯянд, ки ҳар гоҳ баъд аз хӯрдани зардолу фасад кунанд, яъне хун гиронанд, ранги хун сафед мушоҳада мешавад. Хуллас, бисёри бад хӯрдани зардолу иллати песро ба амал меоварад, зеро ки зуд бадбӯшаванда ва пайдокунандаи моддаи балғамӣ мебошад.

Мизоҷи қисми мағзи донакаш талхи он дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии он: боҳро ба ҳаракатоваранда, дерҳазм аст, вале агар инро, яъне мағзашро бирён карда, намак зада бихӯранд, зарари мазкураш ислоҳ мегардад.

Равғани мағзи талх ва ширини онро биёшоманд, гиреҳҳои баданро мекушояд, сахтиҳоро мулоим мекунад, дағалии ҳалқ ва шахшӯлии пӯстро дафъ менамояд.

Равғани мағзи талхи онро ба қадри 4,5 грамм биёшоманд, кирмҳои меъдаро кушта, бо воситаи исҳол башиддат дафъ мекунад, варамҳои мақъадро таҳлил медиҳад, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, барои исҳол, ки аз хунукӣ бошад, даво мешавад. Ва агар инро бимоланд, бавосири зоҳирӣ ва ботиниро шифо мебахшад.

Ин равғанро нимгарм дар гӯш ҷаконанд, дарди онро таскин медиҳад, кирми даруни онро кӯҳна мекунад ва гаронии гӯшро дафъ мекунад, дар ин бобат давои бемисл аст. Дар дигар хислат ба равғани бодоми талх наздик аст.

Миқдори як бор ошомидан аз равғани мағзи талхи зардолу дар як рӯз то 14 грамм аст.

Мизоҷи мағзи ширини зардолу дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Равғани мағзи ширини он дар давогӣ заифтар аз равғани бодоми ширин мебошад.

Мизоҷи қисмҳои дигари дарахти зардолу дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, кирми меъдаро мерезонад ва

пешина
аз 702
навбатӣ