Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
камарро) қавӣ мегардонад. Наъноро бо тухми анор бихӯранд низ, исҳолро мебандад.
Чун ду-се шохи онро дар шир бимоланд, монеи баста шудан, яъне ғафс гаштани он шир мегардад.
Наъноро бо сирко ва дигар туршиҳо бихӯранд, намегузорад, ки он туршиҳо ба асабҳо зарар расонанд, инчунин онро бо маҳсулоти ширӣ бихӯранд низ, ҳамин таъсирро дорад. Хуллас, наъноро дар сиканҷабинҳо ва дӯгоб дохил менамоянд, инчунин инро бо панир низ мехӯранд.
Наъноро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, меъдаро гарм ва қавӣ мегардонад ва иштиҳоро баланд мекунад. Инро кӯфта, бо орди ҷав хамир сохта гузошта банданд, шири дар пистон шахшударо ҳал ва равон мекунад, вале худашро батанҳои кӯфта гузошта банданд, барои бавосир даво мешавад; бо мавизи ангур сиришта гузошта банданд, варами ҳояро таҳлил ва дарди онро таскин медиҳад.
Агар занон пеш аз муҷомаат наъноро хуб кӯфта аз таг бардоранд, ҳомила шуданро манъ мекунад.
Вале хӯрдани наъно бод пайдо мекунад ва агар бисёр бихӯранд, дар гулӯ хоришро ба амал меоварад. Давои ин зарарҳояш карафс хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз наъно дар як рӯз то 9 грамм мебошад.
Наъноро бо намаҳ якҷо кӯфта гузошта банданд, заҳри саги девона газидаро дафъ мекунад. Агар онро хонда гузошта банданд, шиддати заҳри каҷдумро мешиканад.
Наъноро кӯфта, бо орди ҷав хамир карда гузошта банданд, пучак ва чиртакҳоро мепазоҳад ва ба онҳо дору мебошад.
- Нилуфар
Ин калима аслан аз «нилупаҳл»-и забони ҳиндӣ мебошад ва маънои «нил» дар забони ҳиндӣ — об ва «паҳл» — самар аст. Ба русӣ лотос меноманд.
Нилуфар гулест, ки дар кӯлҳо ва дигар обҳои истода месабзад, баргаш ба рӯи об паҳн мешавад ва аз паҳлуи он поя баромада, дар сари он гули боҳашамат ва зебо мемеҳад. Ранги гулаш намудҳои гуногун дорад: нилӣ, сафед, арғувонӣ, бунафш, сурх, вале зарди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор