Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

он камтар аст. Баъд аз рехтани гулаш самари чун себ кулӯла мебандад, дар мағзи он тухмҳои майдаи сиёҳ ҷойгиранд. Решан баъзеи ин монанди сабзӣ дарозаки сиёҳ ва баъзе кулӯла — ба таъм талх аст.

Мизоҷи ҳамаи қисмҳои он дар дараҷаи дуввум хунук ва тар аст; мизоҷи гулаш аз бунафша ҳам сардтар ва дар тарӣ ҳам аз он зиёдтар аст; мизоҷи решааш гарм ва хушк аст ва мизоҷи тухмаш хунук ва хушк аст. Қувваташ ба як сол боқӣ мемонад.

Хислатҳои шифобахши он: бӯидани гули он дил ва майнаи гарммизоҷро қувват медиҳад, хоб меоварад; дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад ва хушкии майнаро ислоҳ мекунад. Инро бихӯранд низ, ҳамин гуна таъсир дорад, илова бар ин назларо мебандад, дағалии узвҳои даруни синаро ба ислоҳ меоварад, сурфаи гармро таскин медиҳад ва захмҳои берунӣ ва ботиниро, ки аз давоҳои тез ба ҳам расида бошанд, шифо мебахшад.

Чун онро бо заъфарон ва дорчинӣ омезиш дода бихӯранд, дилро қавӣ мегардонад ва дилтапак (дилбозӣ)-ро шифо мебахшад.

Камтареро аз решаи он дар даҳон нигоҳ доранд, варамҳои ҳалкро таҳлил медиҳад ва дарди гулӯро дафъ мекунад.

Гулашро дар об ҷӯш дода, он обро кам-кам ва бардавом ба сар бирезанд, тафси онро таскин медиҳад.

Гулаш ё решаашро бихӯранд, исҳолро, ки кӯҳна шуда бошад, мебандад, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад, беихтиёр рехта шудани маниро ба ибро меоварад ва онро банд мегардонад, шаҳвати боҳро сокин мекунад ва дар вақти хоб шайтонӣ шуданро манъ мекунад. Гулашро батанҳоӣ бихӯранд, барои нағзак ва сурхича даво мешавад ба шарте, ки баъд аз баромадани доначаҳои ин иллатҳо, на пеш аз он бояд хӯрд.
низ ҳарорати дил ва ҷигарро таскин медиҳад, табҳои тез ва гармро басанда месозад.

Вале хӯрдани нилуфар ба ҳиҷак зарар дорад — давои ин асал ва набот хӯрдан аст; ба рон беҳ ҳам футур мерасонад — давои ин мағзи донаки меваҳо ва асал хӯрдан мебошад.

Миқдори як бор хӯрдан аз чирми нилуфар дар як рӯз то 10,5 грамм ва агар дар об ҷӯшонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, то 32 грамм андозанд.

пешина
аз 702
навбатӣ