Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бо асал ва равғани зайтун сиришта бихӯранд, газидани ҷонварони заҳрнок ва заҳри сагангури котилру таръёк мебошад (хусусан синфи саввуми онро, ки ба синфи сафедбаргаш монанд аст, истеъмол намоянд чунин аст).

Чун навъи котили меҳргӣеҳро касе бихӯрад, аввал lan ӯро хафа (бӯғма) шудани гулӯгоҳи бачадон, сурхии чеҳра ва баромадагии он, барҳам хӯрдани ақл ва ҳолате мисли афъюнхӯрда рӯй медиҳад, баъд марг меояд. Тадбири он равған, оби гарм ва асал хӯрда кай намудан ва давоҳои баданро поккунанда ошомидан аст. Низ талхшувокро дар об ҷӯшонида, он обро бо асал нӯшида кай фармудан аст. Ичунин мурч, шибит, кокутӣ, мустако, сафедоб, шири навдӯшида, ҳояи сагобӣ ва ҳардал (горчица) хӯронидан даркор ва ҳангоми содир шудани исҳол чуғрот нӯшонидан низ яке аз тадбирҳои дафъи заҳролудшавист.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз меҳргӣеҳ аз 0,19 то 0,5 грамм аст гуфтаанд.

Бояд огоҳ кунем, ки меҳргӣеҳро бидуни давоҳои ислоҳбахши он хӯрдан ҷоиз нест. Ислоҳи он бо нишонста, равғани бодоми ширин ва равғани бунафша даромехтан аст; низ барги гули сонда ва рубби решаи бепӯсти ширинбия, сабир (алоэ), ҳалила, талхшуъск ва заъфарон аст. (Рубб — оби давохот, ки ҷӯшонида ғафс гардонида бошанд). Агар инро бе ислоҳкунандааш бихӯранд, мизоҷро вайрон мекунад, боиси варамидани рӯй, дарди ҷигар, вайронии ҳолати меъда ва дигар холисоти ногувор мегардад.

Реша ва самари онро кӯфта бипошанд, решҳои хӯранда ва захмҳои раддиро шифо мебахшад. Агар инро кӯфта бимоланд, варамҳои сахт ва муленро таҳлил медиҳад ва ханозерро шифо мебахшад. Чун инро маҳин кӯфта, бо сирко сиришта ба ҷамра (карбункул), ки реши мӯҳлик аст, гузоранд, дафъ мегардонад, ничунин донача ва обилаҳои дамидаро низ шифо мебахшад.

Инро кӯфта, бо орди гандуми бирёнкарда даромехта гузошта банданд, дарди буғумҳоро дафъ мекунад.

Агар инро бихӯранд, иллати филпоро шифо мебахшад.

Ва агар инро бимоланд, нуқтаҳои сафеди пӯстро
бе ҳеҷ гуна азият пок мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ