Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ба амал омада наметавонад. Аз ин ҷиҳат ба омехта карданашон ба давоҳои онҳоро ба тарафи ҷигар кашанда эҳтиёҷ пайдо мешавад, то он, ки дар ҷигар қарор гиранду ба тарафи дигар нуфуз намоянд, монандӣ: тухми турб, ки ба тарафи сари меъда кашида мешавад. 3. Он, ки он даво нуфузи суст ва қуввати заифу таъсираш кам бошад ва амали он бекора, нобуд ва суст гардад; ё он, ки он даво ба сабаби заиф будани қуввати худ ва бинобар дурии масофа то узви иллатгирифта ё ба сабаби хосият надоштанаш ба он узв дар роҳ пароканда ва парешон гардад ва аз ин сабабҳо ҳамаи қувватҳои он ба узви матлуб расида наравад; ё аз он, ки бо он узв мувофиқ бошаду бинобар танҳоӣ расида натавонад. Пас дар ин суратҳо ба давои мураккаби ба он узв зуд нуфузкунанда мӯҳтоҷ буда, давои лозим аст, ки боиси қувват бахшидан ва монеи пароканда шудан гашта, таъсир ва қуввати онро ба узви матлуб бирасонад, монанди: дохилшавии заъфарон дар курсҳои кофур ва давоҳои дил. Низ яке аз хосиятҳои заъфарон он аст, ки баъд аз расонидани таъсири даво ба дил, ҳам бо қуввати гарммизоҷи худ ва ҳам бо хосият ва асари заъфарон барҳам мехӯраду таъсир ва қуввати даво боқӣ мемонад. Аз ҳамин ҷиҳат ҳангоми таркиб кардан миқдори заъфаронро дар курсҳои кофурӣ аз вазни кофур камтар ва кофурро дар давоҳои дил аз вазни давоҳои дигар камтар месозанд, то, ки ба онҳо ғолиб наояд, балки маҳз бурда расонандаи онҳо бошад. Низ аз ин ҷумла аст дохил кардани сирко ба давоҳои хос ба сипурз. Аз ин ҷиҳат заъфарон ва асорун (копытен) ба таркиби сақмунӣ ва усораи печаки баргаш нӯгтез ва занбӯруғи сафеди танаи дарахт дохил карда мешавад барои он, ки ҳар дуи он қуввати ҳар дуи инро ба майна ва рагҳои он бирасонад, ки ин ҳар ду давои асосӣ таъсири худро бекамукост ба майна ва рагҳои он бирасонанд. Илова бар ҳамаи ин дохил кардани давоҳои хушбӯи манъкунанда, кушояндаи гиреҳҳо ва аз моддаҳои нодаркор поккунандаи узвҳои бадан ба давоҳои варамҳои ҷигар, майна, меъда, гурда, ҳичак ва хояҳо, монанди: мустако, уди ҳиндӣ, гулисурх ва зира ё дар давоҳои исҳоловари меъда нормишк (нори ҳиндӣ)-ро; мустако ва биҳӣ дар давоҳои исҳоловари ҷигар, гулисурх бо давоҳои исҳоловари майна — сунбул-ут-тиб; ва ба давоҳои исҳоловари хояҳо зираро ва ғайра, ки аз ҳамин қабил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё