Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

чигар, дарди сипурзро низ фоида дорад. Ва агар ба ин об талхшувок ҳамроҳ карда биёшоманд, варамҳои ҳар сеи ин аъзоро ва инчунин варами бачадонро таҳлил медиҳад. Онро кӯфта, аз рӯ ба ҳамин узвҳо гузошта банданд, низ ҳамин навъ таъсирро дорад.

Гиёҳи инро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, молдаҳои зиёдатии узвҳои ботиниро таҳлил медиҳад, яъне пароканда месозад, хусусан бо анҷир ва асал биёшоманд, манӣ ва ширро зиёда мегардонад, зарари заҳрҳоро дафъ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон месозад, ташнагиро, ки аз афзудани балғам ба ҳам расида бошад, таскин медиҳад. Агар онро пухта батанҳоӣ ё бо майи пухтагӣ хамир карда гузошта банданд, захмҳои шахдияи сарро, ки рутубаташон монандӣ асал аст, шифо мебахшад; бо гарди осиё хамир карда гузошта банданд, варамҳои гарми мураккаби чашм, гӯш, мақъад, бачадон ва хояҳоро мегардонад. Агар пухтаи онро бо майи пухтагӣ хамир карда, ба варамҳои гарм ва сахт гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад.

Оби гиёҳи тарашро дар офтоб қивом кунанд, инро усораи говришка, яъне усораи юнучкаи зардак меноманд. Инак, аз усораи он 11 грамм бо майи пухтагӣ биёшоманд, варамҳои узвҳои дохили баданро таҳлил медиҳад. Усораи инро дар равғани гулисурҳ ҳал карда чаконанд, дарди гӯш ва дарди сареро, ки аз хунукӣ бошад, таскин медиҳад.

Гиёҳи инро дар об ҷӯшонида, он обро бардавом бинӯшанд, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонанд. Ва бо ин об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, рӯдаҳоро қувват мебахшад, онҳоро аз чизҳои ғайрӣ пок мегардонад ва дардашонро ҳам таскин медиҳад. Барг ва шохҳояшро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад ва бачаро аз шиками ҳомила меафтонад. Бо он об бадан ва сарро бишӯянд, захмҳои шахдияро, ки рутубаташон асалмонанд аст, шифо мебахшад ва агар хояҳоро бо ин бишӯянд, хориши онҳоро дафъ мекунад.

Вале истеъмоли ин ба дарун барои хояҳо зарарнок аст. Дар ин ҳолат анҷир, мавизи ангур ва асал бихӯранд, зарари онро ислоҳ мекунад.

Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушкаш дар як рӯз то 9 грамм аст ва аз оби фишурдаи гиёҳи тару

пешина
аз 702
навбатӣ