Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ҳад, инчунин хузнеро, ки аз бисёрии сафро ба судур пайваста бошад ва моддаҳои бегонаи баданро дафъ мекунад, вале ин боиси сустии меъда ва рӯдаҳо мегар-дад.

Гӯшти кадуро хушконида, чун орд махин кӯфта, дар дег бирён карда бихӯранд, дарунро мебандад, ташнагӣ, тезии сафро ва хунро, яъне фишори баланди онҳоро таскин медиҳад, инчунин ғамро ҳам дур ме-кунад.

75 грамм оби кадуро бо асал ва андак натрун (та-накори арманӣ) пухта бихӯранд, дарунро мулоим ме-кунад, инчунин дарунро бо мулоиммат меравонад; бо тамри ҳиндӣ ва шакар пухта бихӯранд, сафрои сӯхта-ро бо исҳол дафъ мекунад, рӯдаҳо ва гурдаро аз оло-киҳо пок месозад, инчунин барои гармии майна, дар-ди чашм ва табҳои гарм даво мешавад.

Кадуро дар хамир печонида ва аз болояш гил мо-лида, дар зери оташ дурустакак пухта, баъд обашро фишурда гирифта, 150 грамм аз он бо 35 грамм ша-кар ва бо шарбатҳои гуногуни гуворои сардмизоҷ биё-шоманд, ҳарорати меъда, ҷигар, дил ва табҳои тези дик (логаркунанда)-ро шифо мебахшад ва аксари бе-мориҳои тези гармро таскин медиҳад ва шифо мебах-шад.

Абӯалӣ ибни Сино дар хусуси зот-ул-ҷанб (вара-ми пардаҳои даруни сина) навиштааст, ки агарчи оби каду ба он фоида дорад, вале аз ҷиҳати дигар зарар ҳам дорад, бинобар он, ки пешобро меронад.

Кадуро пухта, бо сирко бихӯранд, низ барои табҳои тези сафровӣ, шикастани ҷӯшиши сафро ва хун, инчу-нин барои аксари бемориҳои гарми тез шифо мебах-шад, низ зудтар аз меъда мефӯрояд. Агар инро бо гӯшт пухта бихӯранд, боиси зуд ва хубии ҳазми он мегардад; бо хӯришҳои мош, нахӯд, инчунин бо равға-ни бодоми ширин пухта бихӯранд, сурфаро дафъ меку-над, низоми феъли майна ва баданро сара мегардо-над, ҳарорати ҷигар ва табҳои гармро хомӯш меку-над.

Кадуро бо гӯшти хурӯсчӯҷа ва ӯ бо мағзи тухми каду шӯрбо пухта бихӯранд, иллати беҳушӣ ва табҳои гарми бехушкунандаро шифо мебахшад, инчунин заҳри ахлоти заҳнокро дафъ мекунад ва дар ин бобат давои бемисл аст.

пайдо менамояд; бо чизи намакин бихӯранд, моддаҳои шӯр пайдо мекунад; бо қабзияттовар — моддаи қабзиятнок ва инчунин бо ҳар чизе, ки бихӯранд, ба моддаи он табдил меёбад.

Оби кадуи хомро фишурда гирифта, бо шири ҷавонзанон даромехта, дар бинӣ ва гӯш бичаконанд ва ба такрори амал биёран (палаки) бебаргашро кӯфта, ба сар гузошта банданд, дарди сари аз гармӣ, варами пардаҳои майна ва худи майна (менингӣт), хазаён, девонагӣ, варамҳои гарм ва бехобиро шифо мебахшад.

Кадуро кӯфта ӯ тарошида, ба пеши сар гузошта банданд, варами гарми сарро таҳлил медиҳад; инчунин дарди сари гарм ва хушкии майна, инчунин бехобиро дафъ мекунад ва агар ба чашм гузошта банданд, варами гарми онро таҳлил медиҳад.

Шустани сар бо оби каду, ошомидан ва дар бинӣ чаконидани он дарди сари гармро таскин медиҳад ва хоб меоварад.

Бо оби каду ғарғара кунанд ӯ оби онро дар даҳон гардонанд, дарди гулӯ ва дарди дандонро, ки ҳама аз гармӣ бошанд, шифо мебахшад.

Оби онро бо равғани гулисурх даромехта, нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди ин узвро сокин мекунад.

Пӯсти хушки кадуро дар об ҷӯшонида, он обро баганҳон ӯ бо равғани гулисурх даромехта, дар бинӣ бирезанд, дарди дандонро таскин медиҳад.

Найчаи самари кадуро, ки гулаш ҳанӯз наафтода бошад, дар хамир печида, дар зери оташ пухта, оби онро ситонида, дар чашм чаконанд, зардии зардпарвинро аз он дафъ мекунад. Оби гулашро батакрор бичаконанд, чашмро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад.

Кадуро дар об ҷӯшонида, он обро бо тамри (хурмои) ҳиндӣ ва шакар биёшоманд, тафси майнаро паст мегардонад, инчунин дарди сари гарм, васвос, девонагӣ ва дарди чашмро, ки сабабаш аз поён ба чашм баромадани бухороти меъда бошад, дафъ мекунад.

Кадуро бо кашки ҷав ё бо моши кӯфтагӣ пухта ё танҳо худашро дар равғани бодом пухта бихӯранд, барои дарди узвҳои даруни сина ва сурфаи гарм дору мешавад.

Кадуро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ташнагӣ ва ҳарорати ҷигари гарммизоҷонро таскин меди-

пешина
аз 702
навбатӣ