Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

карда гузошта банданд, барои сурхбод даво мешавад ва мурчагазакро шифо мебахшад.

Вале қисми рӯизаминии чукриро аз ҳад зиёд ва бардавом бихӯранд, ба узвҳои даруни сина, ба одамони сардмизоҷ ва боҳ (пушти камар) зарар дорад; асабро хушк мекунад, кулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, пайдо менамояд. Дар ин мавриди асал бояд хӯрд, ки ислоҳи зарари он намояд.

Миқдори як бор ошомидан дар як рӯз аз оби чукрӣ то 100 грамм аст.

Агар ёфтани ревоҷ душвор гардад, ба ҷои ин туршак (щавель) ва оби ғӯраи ангур нӯшидан раво мебошад.

Оби чукриро ҷӯшонида ғафс гардонанд — инро рубби чукрӣ меноманд. Рубби ревоҷ қавитар аз оби он аст. Инро бинӯшад, тарсончакӣ, девонагиро дафъ мекунад ва инчунин сӯхтани ахлот (моддаҳо)-ро дар бадан ислоҳ мекунад.

Решаи ин гиёҳ бисёр чуқур меравад ва дароз мебошад. Замини ин гиёҳ рӯидаро то поёни решаҳояш бикобанд, дар сари решаҳо монандӣ шалғам гиреҳҳо дорад. Ин чизи шалғамшакл ва ҳамаи қисмҳои дигари решааш дар давогӣ қавитар мебошад назар ба қисмҳои дигари он. Инро қитъа-қитъа бурида, хушк карда мегиранд ё хушки онро кӯфта, дар зарфҳои шиша ва чинӣ нигоҳ медоранд барои ҳочатҳои минбаъда.

Мизоҷи решааш мураккаб-ул-қувват аст, дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, рутубатҳои зарарноки баланро хушк мегардонад, исҳолро мебандад, узвҳои дохилиро аз олоиш пок мекунад; моддаҳои бегонаро пазонида, барои дафъ шудан муҳайё месозад, бар зидди ҳамаи захрҳои сардмизоҷ тарёк мешавад, хусусан заҳри каждумро ба зудӣ дафъ мекунад; агар ахлоти (моддаҳои) ғализ (ғафс) ва рақиқ (суюқ) мавҷуд бошанд, бо воситаи исҳол дафъ менамояд, пешоб ва ҳайзро равон менамояд, қуввати ҷозибаи ҷигарро меафзояд ва гиреҳҳои рӯдаҳо ва сипурзро мекушояд; бодҳои гурда, ҳичак ва бачадонро пароканда месозад, инчунин дардҳои ин аъзоро таскин медиҳад; барои дилтапак (дилбозӣ), ки аз сардӣ бошад, дармон мешавад, сардии меъда ва ҷигарро дафъ мекунад; сурфаи кӯҳна, дамкӯтаҳӣ, сил, яъне захми шуш ва рӯдаҳо, инчунин ҳамаи навъҳои истиско (водянка)

пешина
аз 702
навбатӣ