Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
истисқо ва зардпарвин даво мешавад, инчунин ҳиккакро, ки аз зиёд шудани балғам дар меъда ба амал омада бошад, дафъ мекунад; ирқуннасоро шифо мебахшад. Агар инро бо шароб бихӯранд, бачаи занҳои ҳомиларо аз шикам зуд меафтонад.
Болдиргонро кӯфта гузошта банданд, моддаҳоро башиддат аз таг ба рӯи пӯст некашад; бо мумравған сиришта бибанданд, барои ханозер, ҷароҳатҳо ва ирқуннасо даво мешавад. Агар инро бо равғани зайтун якҷо кӯфта гузошта банданд, кабудии зери чашмро нест мекунад.
Онро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко даромехта ва бо кӯфтаи пӯсти анор хамир сохта, бимоланд, бавосирро фоида дорад.
Барги хушкашро кӯфта, ба решҳои хӯранда бипошанд, онҳоро сиҳат мекунад. Агар инро бибӯянд, барои ҳиккак даво мешавад.
Вале хӯрдани гиёҳи ин ба ҷигар зарар дорад — дар ин ҳолат тухми харбузаро бихӯранд, ислоҳи зарар мекунад; ба рӯдаҳо низ зиёнкор аст — инро бо хӯрдани шилми бодомҳо ислоҳ метавон кард, ба одамони гарммизоҷ ҳам зарар дорад — дар ин ҳолат шарбати анор ва сиканҷабин бояд бихӯранд.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи он дар як рӯз аз 7 то 9 грамм аст.
Шилми болдиргон ва камоҳ ҳам ду навъ аст: хушбӯй ва бадбӯ. Навъи хушбӯяш шилми болдиргони сафед аст, вале бадбӯи он шилми камоҳ, ки сурхи сиёҳтоб мебошад.
Шайх Довуди Антоқӣ навиштааст, ки мегӯянд: чун зан баъд аз ҳайз бефосила ҳар рӯз 3,5 грамм то як ҳафта бихӯрад, ҳаргиз ҳомила нахоҳад шуд.
Феъли решааш назар ба қисми рӯизаминиаш қавитар аст. Агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, зиёд гаштани ханозерро манъ мекунад ва даҳони захмҳоро ба ҳам оварда сиҳат менамояд.
Мизоҷи шилми сафеди болдирғон, ки ҳилтити хушбӯй меноманд, гарм дар аввали дараҷаи чаҳорум ва хушк дар охири дараҷаи дуввум; мизоҷи шилми камоҳ, ки бадбӯй аст, дар аввали дараҷаи чорум гарм ва хушк дар саввум аст, ки ҳам қуввати тарьёкӣ ва ҳам хислати захнокӣ дорад.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин бемориҳоп

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор