Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ҳам мекашанд. Вале арақи ин чун дигар шаробҳо масткунанда нест. Нӯшидани ин арак узвҳои дағалгаштаи дохилиро нарм мегардонад, модда ва ахлоти бегонаи дар бадан ғализшударо таҳлил медиҳад; мағзи сар, меъда, ҷигар, асаб ва ғадудҳои мардиро пурзӯр мекунад, қӯлинчи шадидтаринро мекушояд. Агар ин растанӣ зироат карда шавад, барои тандӯрустии одамият манфиатҳои бисёре меоварад.
- Турб
Ин сабзаи машҳур аст, ки зироат мекунанд. Мизоҷи тухми ин гарм аст дар дараҷаи саввум ва дар дараҷаи дуввум хушк аст. Яъне тухмашро бихӯранд, барои одамони хунукмизоҷ ва тармизоҷ форам аст, вале хӯрдани худи турб ба одамони тармизоҷ ва меъдаашон рутубатнок зарар дорад. Зеро ки беҳрешаи он, яъне қисми заминии он дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии турб: агар инро бихӯранд, ахлоти ғафсгаштаи баданро рақиқ (суюқ) менамояд, варам ва моддаҳои ғализро дар бадан таҳлил медиҳад, бод пайдо мекунад, оруғ меоварад агар беҳад бихӯранд (вале тухмаш несткунандаи оруғ аст), барои баъзе одамон ҳазмкунандаи таомҳои ҳазмнопазир, хусусан барги он, вале дар баъзеҳо, ки меъдаашон рутубати бисёр дошта бошад, ҳазмро манъ мекунад, ҳатто ба дараҷаи зарарнок аст, ки феъли меъдаи онҳоро вайрон месозад (хусусан худи турбро бихӯранд), зеро ки дар турб моддаҳои сабуки зуд бадбӯшаванда мавҷуданд ва пешобро меронад. Агар барги баҳории онро пухта, бо равғани зайтун бихӯранд ё бо ин равған пухта бихӯранд, ғизоняташ аз худи турб зиёдтар мегардад. Дар турб се хосият мавҷуд аст: барги он парокандакунандаи бодҳои дарун мебошад, тухмаш пешобро меронад ва худи турб балғамро қатъ мекунад.
Хӯрдани турб ба сар, дандон ва ком зарар дорад, агар аз ҳад зиёд истеъмол намоянд.
Даруни турбро холӣ карда, равғани гулисурх дар он рехта, ба рӯи оташ гузоранд, то равған биҷӯшад, баъд он равғанро нимгарм чанд қатра дар гӯш чаконанд, барои нест кардани боди даруни он, дарди гӯш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор