Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
дараҷа хушк аст, вале мизоҷи гулаш назар ба мизоҷи қисмҳои дигараш гармтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро мегардонад ва агар бихӯранд, моддаҳои ғафси баданро пароканда ва нест месозад; хусусияти поккунандагӣ дорад, бар зидди захрнокшавии бадан тарзёқи хубест, гиреҳҳои дар рагҳои майна ва ҷигар бударо мекушояд, мағзи сарро аз моддаҳои бегона ва зарарнок, инчунин аз олоишҳои дигар пок мекунад; барои саръи (припадкаи) тифлон ва бемориҳои сарди вобаста ба майна, инчунин асабҳо доруи хубест, дарди дандонро таскин медиҳад, дарди дилро шифо мебахшад, боҳро (пушти камарро) қавӣ мегардонад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад; барои бавосир, захмҳои шуш, зардпарвин, истисқо (водянка) дармон мешавад; пешоб, ҳайз ва дигар чизҳои нодаркори баданро меронад, бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад; инчунин кулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, даво мешавад ва заҳрро аз бадан дафъ мекунад.
Агар оби решаи онро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро, ки сабабаш аз хунукӣ бошад, шифо мебахшад. Аз ин об 3,5 грамм бинӯшанд, дили одамони хунукмизоҷро қавӣ мегардонад, вале агар инро одамони гарммизоҷ бинӯшанд, ғазаби онҳоро ба ҷӯш меоварад.
Аз оби барги он 15 грамм бо оби гарм бинӯшанд, сахт қай меоварад ва меъдаро аз моддаҳои бегона пок мекунад.
Ҳар як қисми ин растаниро кӯфта гузошта банданд, дарди пайвандҳоро дар ҳар ҷои бадан, ки бошад, инчунин ирқуннасо (радикулит), никрис (подагра) ва ханозер (ҳукгардан)-ро дафъ мекунад. Агар инро бар камар гузошта банданд, қуввати пушти камарро афзун мегардонад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад.
Решаашро хуб кӯфта, занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаро аз шиками онҳо меафтонад, вале агар занҳои назоянда ин тавр амал кунанд, барои ҳомила шудани онҳо мадад мерасонад. Аз барги кӯфтааш об фишурда бинӯшанд, бачаи дар шикам бударо меафтонад, ҳайзи бандшударо мекушояд.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби барг, гул ва решаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор