Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
аъзо аз бисӯрин балғам, саръ (припадка), молихулиё (меланхолия), навъҳои гуногуни девонагӣ, дар хоб сиёҳӣ зер кардан, васвоси савдовӣ, фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), қаҷ шудани рӯй, карактӣ, дардҳои гуногуни буғумҳо, саратон решгашта, хурсанд кардани дил — барои ҳамааш дору мебошад. Зеро хилти (моддаи) савдоро, ки баамаловарандаи бемориҳои мазкур мебошад, аз бадан ва аз даруни майна ронда, ҳамаро пок мегардонад, инчунин кирмҳои меъда ва бодҳоро дафъ мекунад. Ин гиёҳ барои мизоҷҳои пирон мувофиқ аст. Ҳуллас, барои бемориҳои аз ғалабаи хилти савдо баамаломада ва пок гардонидани узвҳои бадан аз савдо давои лубест, гиреҳхоро мекушояд. Агар инро бо мурч ва давоҳои дигари хушбӯй ҳамроҳ карда бихӯранд, қуввати ронданаш зиёда мегардад.
Чун як ҳафта ҳар рӯз 35 грамм зарпечакро дар 150 грамм шири навдӯшида тар кунанду бо 70 грамм сиканҷабин (сиркоасал) бинӯшанд, барои дафъ кардани дарди сари савдовӣ, яъне барои дарди сар аз бисёр шудани моддаи савдо дар сар, молихулиё, чингак шудани аъзо аз зиёдатин балғам, ваҳшат (тарсончакӣ) ва дилтапак (дилбозӣ) давои аҷибест. Низ 21 грамми онро ҳар қадаре шири гӯсфанди навдӯшида дохил карда биёшоманд, барои дарди сари савдовӣ даво мешавад, вале барои ин аввал баданро аз хилти савдо танқия карда, баъд инро бинӯшанд. Инчунин 25 грамми онро бо оби панир биёшоманд, барои дарди сари вобаста ба ҳолати дил, ки дар натиҷаи дохил шудани савдо дар ин узв, мизоҷаш вайрон шуда бошал, шифо мебахшад. Чун 21 грамми онро бо 35 грамм мавизи бедона дар об ҷӯши сабуке дода, соф карда, ба он обе, ки дар он сари бунафша ҷӯшонида шуда бошад, ҳамроҳ карда, бинӯшанд, барои васвоси савдовӣ ва ихроҷ кардани кирми дарози меъда дору мешавад. Агар ба ҳамаи ин таркиб барги говзабонро изофа кунанд, таъсираш зудтар зоҳир мегардад. Ҳамчунин 35 грамм зарпечакро бо оби панир даромехта бихӯранд, молихулиёро шифо мебахшад.
25 грамм зарпечакро сабук кӯфта, дар шири навдӯшида андохта, бо шакари сафед ширин карда биёшоманд, барои молихулиё, навъҳои гуногуни девонагӣ, сиёҳӣ зер кардан дар хоб ва аксари иллатҳои савдовӣ дармон мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор