Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
амал ин даво хунро ба дараҷае мекашад, ки агар он латтаро бифишоранд, хун аз он бармеояд.
Ин гиёҳро дар майи пухтагӣ ҷӯшонида, ба чашм бимоланд, дарди чашм ва пардаеро, ки чашмро торик мегардонад ва инчунин дарди луккосии чашмро шифо мебахшад.
Талхшувокро гард барин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, дарди чашм ва пардаи бегонаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад.
Чун ин гиёҳро дар шароб ҷӯшонида, гӯшро ба бухораш бидоранд, дарди онро дафъ мекунад ва инчунин варами баногӯшро мегардонад.
Талхшувокро дар об ҷӯшонида, он обро соф намуда, бар болояш равғани бодоми талх рехта, бо оташи мулоим биҷӯшонанд ба ҳадде, ки об батамом бухор шуда раваду равған бимонад. Ин равғанро бо камтар захраи буз даромехта, нимгарм дар гӯш чаконанд, боди даруни гӯшро, ки дар даруни гӯш ҷарангҳои гуногунро ба амал меоварад, таҳлил медиҳад ва агар дарунаш ҷароҳат дошта бошад, ҳамон дам пок мегардонад, инчунин кариро, ки ҳарчанд кӯҳна шуда бошад, дафъ мекунад ва бо ин ҳама омадани зардобро аз даруни он шифо мебахшад.
Инро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, дарди меъдаро шифо мебахшад. Агар дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, меъдаро қувват мебахшад; иштиҳои таом батамом барҳам хӯрда бошад, барқарор мекунад; барои дардҳои ҷанин, тиҳигоҳ (ҳолияки паҳлу), варамидани рӯ ва дасту поҳо, истиско (водянка), дардҳои гуногуни буғумҳо, бемориҳои мақъад, ки ҳама аз сардӣ бошанд, давои хуб мегардад; бухорҳои муҳрикро аз бадан дафъ мекунад; мизоҷи вайронгаштаро ислоҳ мекунад, ҷигари сустро ба ҳолати эътидол меоварад.
Агар инро дар об ҷӯшонида, ҳар рӯз то даҳ рӯз 100 грамм аз он об бинӯшанд, зардпарвинро шифо мебахшад, ба парҳез ҳам ҳеҷ хоҷат нест; ва агар аз бисёр шудани рутубат иштиҳо гум шуда бошад, барқарор менамояд. Оберо, ки дар он талхшувок ҷӯшонида шуда бошад, бо асал ё бо зарпечак биёмоланд, ҳамаи бемориҳои сипурзро ба ибрё меоварад.
Ин гиёҳро кӯфта, бо анҷир, натрун (танакори арманӣ) ва орди гандуми девона даромехта гузошта
банданд, истискоро шифо мебахшад ва агар бо хунӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор