Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

аз бисёрии кайк ба ранҷ омада бошанд, ин гиёҳро дар об ҷӯшонида, дар он об латтаеро тар намуда, ба макони кайкон паҳн кунанд, кайкҳо ҳама ба рӯи он матоъ ҷамъ шуда мемиранд ва агар ба он ҷо бипошанд ҳам, раво мебошад.
Вале хӯрдани талхшувок сари меъдаро суст мекунад, дарди сар меоварад. Дар ин ҳолат агар ба сардмизоҷон зарар карда бошад, мустако бояд бихӯранд ва агар ба гарммизоҷон зарар оварад, шарбати анор ва монандӣ ин шарбатҳоро биёшоманд, зиёнашро дафъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз талкони кӯфтаи он дар як рӯз аз 4,5 то 9 грамм аст. Дар вақти худашро хӯрдан бояд, ки бо равғани бодоми ширин чарб намоянд, вале агар ҷӯшониданаш матлуб бошад, 7 граммашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд.

  1. Бобуна

Гули ин дар сохт ба гули бобунаи говчашм монанд аст, вале аз он майда мебошад. Миёнаҷои гули он зард аст ва дар атрофи ин баргҳои сафеди гулаш чун парра чида шудаанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гулашро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, узвҳои сахтро мулоим мекунад. Агар инро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, майна ва асабҳоро қавӣ мегардонад, қуввати боҳро меафзояд, бар муқобили захрҳо тарёк мебошад; арақ, шир, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, барои бемориҳои вобаста ба майна ва дарди сар дору мешавад, назлаҳоро манъ менамояд, бақияи дарди чашм ва боди даруни гӯшро таҳлил медиҳад, иллатҳои дамкӯтаҳӣ ва зардларвинро дафъ месозад; мондагӣ, дарди узвҳои даруни сина, дарди ҷигар, дарди шикам, дарди мақсад ва дарди бачадонро таскин медиҳад, инчунин варамҳои ин узвҳоро ба таҳлил мебарад ва мегардонад, илова бар ин варами хояҳо ва дигар аъзоро таҳлил медиҳад ва баданро аз ахлоти мурдор пок месозад. Агар дар обе, ки гули ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, то ноф бардавом даромада нишинанд, низ бемориҳои мазкурро нафъ дорад.

пешина
аз 702
навбатӣ