Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
камарро (боҳро) қавӣ мегардонад -- дар ин бобат пуртаъсир аст.
Дар обе, ки гулҳои ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, латтаро тар карда бигузоранд, печиши асабро ислоҳ мекунад, ҷонварони заҳрнок газида бошанд, заҳри онҳоро аз бадан дафъ мекунад. Агар инро бо муми занбӯри асал ва равған даромехта гузошта банданд, варами соқҳои по ва дигар ҷоҳоро мегардонад.
Ҳар як қисми ин гиёҳро кӯфта, ба сурхбод гузошта банданд, шифо мебахшад, варамҳои гарм ва хунукро таҳлил медиҳад, решҳои хушкро сиҳат месозад, захмҳои хабиса ва ҷароҳати закарро ба ибро меоварад, бавосирро нафъ дорад.
Гулашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои ғализро таҳлил медиҳад ва гиреҳҳоро мекушояд.
Вале агар инро аз ҳад зиёд бинӯшоманд, дарди сар меоварад, сарро вазнин мекунад. Дар ин ҳолатҳо ё сиканҷабин бихӯранд, ё гули нилуфарро истеъмол намоянд, зиёни онро ислоҳ мекунад. Инчунин сари меъдаро суст мегардонад -- дар ин маврид низ ё бунафша сиканҷабин бояд истеъмол фармуд.
Миқдори як бор хӯрдан аз бобунаи говҷашм дар як рӯз то 9 грамм аст. Ба ҷои бобунаи говҷашм юнуҷқаи зардакро ба кор баранд, раво мебошад.
Аз ин гиёҳ равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Дар таносуби 100 грамм гули бобунаи говҷашм, 400 грамм равғани зайтун ё равғани кунҷиди нав, гулро дар равған андохта, он шишаро дар офтоб мегузоранд чил рӯз. Баъд пӯлида, равғанро соф карда мегиранд — ҳамин равғани бобунаи говҷашм ҳисоб меёбад. Агар инро нимгарм дар гӯш ҷаконанд, дардҳои даруни онро шифо мебахшад. Агар инро бимоланд, каҷ шудани рӯйро ба ибро меоварад, асабҳои печидаро рост мекунад, масомҳои пӯсти баданро мекушояд, арақ меоварад, варамҳои қисми поёни баданро мегардонад, инчунин он варамҳоро мепазонад, ҷароҳати узвҳои асабониро шифо мебахшад — ҳам бихӯранд ва ҳам бимоланд.
- Зирк
Инро тоҷикони баъзе маҳалҳо зелод низ меноманд. Зирк буттадарахти маълум аст, ки танаш хорҳои сегона дорад ва чӯбаш дар зери пӯстлоҳаш зард мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор