Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
дар равғани зағир то обаш батамом бухор гаштан бо оташи мулоим биҷӯшонанд, баъд он равғанро бар бавосир бимоланд, онро дафъ мекунад.
Чун самари нопухтаи онро реза-реза карда ва ё оби онро гирифта, бо дучанди он равғани зайтун дар зарфе андохта, даҳанашро маҳкам карда, чил рӯз дар офтоб гузоранд ё ба рӯи аҳгари оташ бигузоранд, то ки рутубаташ хушк гардад, баъд он равғанро бар бадан бимоланд, сардин баданро дафъ мекунад, моддаҳои зарарнокро берун мекашад; доғҳои кунҷидак ва донаҳои наскмонандеро, ки ба рухсора бармеоянд, дарди буғумҳои кӯҳна ва монанди инҳоро ба ибро меоварад. Агар ин равғанро бардавом биёшоманд, низ ҳамин манфиатро дорад.
Миқдори як бор хӯрдан аз усораи он дар як рӯз аз 0,2 то 1,1 грамм аст, аз решааш 2,25 грамм ва аз обе, ки дар он ҳар як қисми сабчаи сагак ҷӯшонида шуда бошад, то 50 грамм аст; аз тухм ва гули он то 3,5 грамм бо орди ҷав ва катиро. Дар ҳуқнаҳо зиёда аз 3,5 грамм ба кор набаранд, зеро ки ба одамони гарммизоҷ ва баданҳои заиф зарар дорад: қай меоварад, рӯдаҳоро мехарошад. Давои ҳамаи ин зарарҳояш: дар қайи барзиёд луоби тухми биҳӣ, луоби тухми зағир ва луоби гулихайриро бо равғани сардмизоҷ хӯрдан аст. Чун усораашро истеъмол кардан бихоҳанд, набояд батанҳои биёшоманд, зеро ин рӯдаҳоро мехарошад. Бинобар ин бо сабир (алоэ), савринҷони сафед, заъфарон, дорчинӣ, арпабодиён, тухми карафси кӯҳӣ ва бӯстонӣ, шилмҳои гуногун ва равғанҳо ҳамроҳ карда истеъмол фармоянд. Миқдораш он аст, ки 0,5 грамм усораи онро соида, бо ҳамвазни он шилми бодомҳо ва ё бо ним вазни он нишоиста сиришта бихӯранд.
- Кавар
Ин растаниест, ки хорҳо дорад, шоҳҳояш аксар ба рӯи замин паҳн гаштаанд; баргаш сабзи гирдактар ва монанди фулус ғафс, гулаш дар ғилофи сабз, бузургӣ-аш қариб ба андозаи нахӯд, сабз, баъд калон шуда, ғунча мегардаду гул мекунад ва дар миёнаи гулаш монандӣ мӯйҳо торҳое дорад. Самараш ба ранги тарбузчаи сабз, вале дар ҳаҷм ба андозаи зардолуи миёна аст — инро ба тоҷикӣ хиёри кавар меноманд. Ин баъди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор