Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

Тариқи тайёр кардани равғани тухми ин ба усули дигар ин аст. Тухми газнаро кӯфта, дар панҷ баробари вазни он об биҷӯшонанд, то чоряки об бимонад. Баъд молида, соф карда, бо ним вазни он ё баробари он равғани кунҷиди тоза аз болояш рехта, дар зарфе биҷӯшонанд, то об бухор шуда раваду равған бимонад. Вале ин равған назар ба ду навъи дар боло зикрёфта заифтар мебошад.

  1. Ҳалила

Ин самари дарахти ҳиндист, дар ҳаҷм ва намуд гуногун мебошад, ки ҳар яке номи алоҳида дорад. Агар баъд аз гул карданаш самарашро, ки ба андозаи зира мебошад, ҳалилаи зира меноманд; ва аз он калонтар ба андозаи ҷав гардад, бичинанд, ҳалилаи ҷавӣ мегӯянд; аз он ҳам бузургтар ва ба қадри мавизи ангур гардад, бичинанд, онро мавизак, ҳалилаи сиёҳ, ҳалилаи зангӣ ва ҳалилаи ҳиндӣ низ меноманд; аз он боз ҳам калонтар нимраси сабзи зардтоб бошад, онро ҳалилаи чинӣ ва аз он ҳам калонтар ва расидатари зард гардад, ҳалилаи зард мегӯянд; аз ин ҳам бузургтар шуда, пурра расида гардаду сурхи моил ба зардӣ бошад, ҳалилаи кобулӣ мегӯянд.

Мизоҷи ҳама гуна ҳалилаҳо дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк аст, вале хушкӣ дар ҳалилаи кобулӣ камтар бинобар камоли расидагӣ доштанаш.

Хислатҳои шифобахши он: истеъмоли ҳамаи навъҳои он ба дарун меъда, майна, зеҳн, ҳофиза ва ҳавоссро, ки даҳ ҳисси одамӣ мебошад, қавӣ мегардонад; гирехҳоро мекушояд; дарди сарро дур мегардонад ва молихулиёро сиҳат мебахшад; рӯҳҳои одамиро соф ва равшан мекунад; васвоси савдовӣ, дилтапак (дилбозӣ) ва беҷо (беҳузур) шудани дилро дафъ месозад; намегузорад, ки бухорҳои зарарнок аз қисми поёни бадан ба мағзи сар бароянд, ранги баданро тару тоза ва пок мегардонад; иллатҳои истиско (водянка), бавосири бодӣ, ки шадидтарин дарди даруни шикам аст, бавосири хунӣ ва табҳои мураккабро сиҳат менамояд, балғами рақиқ ва сафроро бо оҳистагӣ ва мулоимат хориҷ мекунад.

Дар вақти истеъмоли ҳалилаҷот онҳоро бисёр намекӯбанд ва зиёд намеҷӯшонанд, балки чор-панҷ тақсим намуда, дар об тар карда, он обро менӯшанд.

пешина
аз 702
навбатӣ