Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ё тар карда, он обро ошомиданӣ бошанд, то 35 граммӣ онро дар об андозанд. Агар ҳалилаи кобулӣ ёфт нашавад, ба ҷои ин ҳалилаи зардро истифода баранд, равост.

Аз он бо шакар мураббо тайёр карда бихӯранд ба шарте, ки аз тайёр карданаш як сол нагузашта бошад, майна ва меъдаро қавӣ мегардонад, гиреҳҳои баданро, ки аз банд шудани балғам дар узвҳо ба амал омада бошанд, мекушояд; ҳавоссро, яъне панҷ ҳисси дохилӣ ва панҷ ҳисси беруниро, инчунин ҷигарро қувват мебахшад.

Тухмашро бихӯранд, пешобро меронад. Агар инро сӯхта, ос карда, бипошанд, хуни бавосир ва аз ҷои дигар рафтани хунро манъ мекунад ва ба милки дандон бипошанд, дандонро мустаҳкам мегардонад.

Аммо хӯрдани тухми ҳалила ба майна зарар дорад. Дар ин ҳолат асал бихӯранд, зиёни онро ислоҳ мекунад.

II. ҲАЛИЛАИ ЗАРД

Мизоҷи ин дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро маҳин кӯфта бипошанд, обравии чашмро даво мешавад, чашмро тез мекунад. Хусусан инро дар хамир печонида бисӯзанд ва онро аз хамир ҷудо карда, маҳин кӯфта, ба чашм бипошанд, дар ин хислат пурзӯртар мегардад. Ин ҳалиларо нимкӯфта, як шабонарӯз дар об тар карда, он обро дар чашм чаконанд, барои ин узв таъсири дар боло гуфта шударо дорад.

Миқдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз аз 10 то 15 грамм аст ва агар дар об тар намуда, он обро нӯшидан хоҳанд, то 35 грамм дар об андозанд.

III. ҲАЛИЛАИ СИЁҲ

Инро ҳалилаи зангӣ ва ҳалилаи ҳиндӣ низ меноманд. Беҳтаринаш сиёҳ, сахт ва бетухми он аст.

Мизоҷаш дар миёнаи дараҷаи якум сард ва дар дараҷаи дуввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин ҳамаи ҳисҳои бадан, зеҳн ва майнаро қувват мебахшад, хунро

пешина
аз 702
навбатӣ