Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
берун меоварад. Боз як хислати начибе дорад, ки инро куфта, ба нохунаки чашм бичаспонад, онро сиҳат мебахшад.
- Бӯймодарони маҳинбарг
Ин гиёҳест аз ҷинси бӯймодарони дуруштбарг.
Фарқ миёни ин ва бӯймодарони дуруштбарг дар он аст, ки баргҳои ин монандӣ сӯзан маҳин ва борик-борики гӯё аз ду паҳлу шоҳбаргаш чун риштаҳои кӯтоҳ-кӯтоҳ қатор чида шуда бошад ва маҷмӯаш пари мурғи паҳнро ба хотир мерасонад, ки дар рӯи замин аз атрофи пояи гулаш паҳн гаштаанд. Гулаш чатрии зич, тиллоранг ва монандӣ гули навъи дуруштбарги он аст. Боз фарқ дар он, ки ин як поя дорад ва дар сари он поя як адад гул. Инро ба русӣ тысячелистник меноманд. Навъи дуруштбаргаш аз як бех чанд пояшоҳҳо бароварда, дар ҳар шоҳ монанди баргҳои сабзӣ ва дурушттар аз он баргҳо дорад ва дар сари он шохҳо яктогӣ гул мекунад. Ҳар ду навъро ҳам бӯяш тез ва таъмаш талх аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст, ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи якум гарм ва дар саввум хушк низ гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди сареро, ки аз сардӣ бошад, шифо мебахшад.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, дарди узвҳои даруни синаро таскин медиҳад, зиқ-ул-нафасро шифо мебахшад, ҳамаи навъҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро кушта хориҷ мекунад, пешобро равон месозад, душвории шошиданро осон мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, мушакҳои нотавонгаштаи баданро ислоҳ мекунад; бодҳои пайвандҳо, иркуннасо (радикулит)-и кӯҳна, зарари давоҳои кушанда ва ларзи табҳоро дафъ мекунад, барои таб хусусан бо равған биёшоманд, таъсираш қавитар мегардад. Агар инро бо шароб бинӯшанд, зарари ҳамаи заҳрхоро, инчунин газидани каждум ва ғундаро дафъ мекунад. Ва агар барои газидани ҷонварони заҳрнок гузошта банданд ҳам, кифоя мебошад.
Гули инро бо равғани зайтун пухта гузошта банданд, майна ва меъдаро гарм мегардонад ва рутубати зарарноки ин ҳар ду узвро дафъ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор