Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ва бардавом бирезанд ё ин гиёҳро гарм карда, чун гармбандӣ ба ин узвҳо бигузоранд, бемориҳои дар боло зикршударо ба ибро меоварад, гирифтагии сӯрохҳои биниро мекушояд, зукомро сиҳат мекунад, чарх задани сар ва сиёҳ задани чашмро ба ибро меоварад.
Оберо, ки дар он гули ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, ба даруни бинӣ бикашанд, зукомро дур месозад ва бемориҳои майнаро сиҳат мебахшад.
Ҳар як қисми ин гиёҳро сӯхта, ос карда, бипошанд, захмҳоро хушк мекунад.
Решаашро кӯфта, ба зери шикам гузошта банданд, пешоб ва ҳайзи бандшударо равон мекунад. Аммо шарташ чунин аст, ки дар вақти пурра будани бадан аз ахлот ва ҳамчунин ягон модда аз ҷои дигари бадан ба он узв рехта банд шуда бошад, ин амалро набояд баҷо оваранд. Аломати пурра будани бадан аз ахлот касолат ва танбалии хол аст ва аломати рехта шудани модда ба ягон узв торафт ва рӯз ба рӯз бадтар гаштани ҳоли он кас аст.
Ошомидани ин ба гурда зарар дорад — дар ин маврид арпабодиён истеъмол фармоянд, зиҷааш ислоҳ мегардад. Ва агар ба дигар узвҳо зарар расонад, талхшувок истеъмол бинамоянд.
Миқдори як бор хӯрдан аз гули он дар як рӯз то 15 грамм аст.
- Бӯстонафрӯз
Инро тоҷикон гули тоҷи хурӯс низ мегӯянд. Ин гули маълум аст бо намудҳои гуногун.
Мизоҷи ҳамаи навъҳои он хунук ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: оби гиёҳи тари инро гирифта, 35 грамм аз он бинӯшанд ё онро дар об ҷӯшонида, он обро бардавом бо сиканҷабин (сиркоасал) бинӯшанд, ҳарорати баланди меъда ва ҷигарро паст мегардонад, инчунин гиреҳи сипурзро мекушояд.
Гиёҳаш ҳангоми истеъмол ба дарун дерҳазм ва душвор ҳазм мегардад.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби таргиёҳи он то 35 грамм аст.
Агар тухмашро бихӯранд, исҳолро мебандад. Агар инро кӯфта, дар 300 грамм шир тар карда, шаб дар моҳтоб бигузоранду субҳ онро бинӯшанд ва чанд рӯз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор