Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

таҳлил медиҳад. Бо шилми тут даҳонро чайконанд, яъне шилми онро дар даҳон бигардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад ва агар бимоланд, варамҳои бузургро мегардонад.

Оби решаи тутро, ки аз чок кардани он таровиш мекунад, 175 грамм гирифта, бо 25 грамм барги ток ва барги анҷири сиёҳ ва бо каме оби борон дар зарфе андохта, гирди сарпӯшафро ба хамир гирифта, то шашяки об мондан биҷӯшонанд ва баъд бо он мӯйро бишӯянд, ранги пуркуввате мебошад барои сиёҳ кардани он. Инчунин барги шоҳтут бо барги ток ва барги анҷири сиёҳ дар об ҷӯш хӯрда бошад, барои мӯй ранг мешавад.

Барг ё пӯсти дарахти онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳон гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Инчунин шилми тутро низ биҳоянд, ҳамин асарро дорад.

Решаашро кӯфта, дар вақти ҳаммом кардан бо сирко даромехта, ба шаро (аллергия)-и кӯҳна ва решҳои карахшдорӣ раддӣ гузошта банданд, шифо мебахшад.

Баргашро кӯфта, бо равғани зайтун сиришта, ба захмҳо ва сӯхтагии оташ бимоланд, нафъ дорад. Ва агар инро батанҳои кӯфта гузошта банданд, обила ва решҳои аксари аъзои бадан ва инчунин кӯтури тару хушкро дафъ мекунад.

Тути хомро кӯфта, бо сирко сиришта гузошта банданд, кафидагӣ ва тарқидагии узвҳо, шароро ва ин чунин танҳо худашро кӯфта гузошта банданд, кафидагии миёни ангуштон ва пойро зуд ба ибро меоварад.

35 грамм оби барги тари тутро биёшоманд, захри ҷонварони захрнок ва аз ҷумла захри ғундаро аз бадан дафъ мекунад.

  1. Шоҳтут

Мизоҷи самари шоҳтут дар дараҷаи дуввум сард ва дар якум хушк аст, хушкиаш қабзиятноктар, яъне гиранда ва бандкунандаи дарун ва ҷараёни моддаҳост.

Хислатҳои шифобахши он: агар самари расидаи шоҳтутро бихӯранд, моддаҳои сахтшударо дар бадан мулоим мегардонад, фишори баланди хунро паст мекунад, ҳилти сафроро тит ва пароканда месозад, варамҳон

пешина
аз 702
навбатӣ