Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

намуда, яъне ҳалво сохта бихӯранд, барои ба ҳаракат овардани олати мардӣ ва боҳ давои бемисл аст.

Вале сирро дар фасли гармо, аз ҳад зиёд, одамони гарммизоҷ ва касони дорои мизоҷи хушк бихӯранд, зарар мекунад, дарди сар медиҳад, хунро месӯзонад, инчунин ба чашм, шуш, бавосир ва занони ҳомила зиён мекунад ва касоне, ки исҳол дошта бошанд, бадтар мекунад, барои ханозер низ зиёнкор аст, дар бадан сафрои бисёр тезро пайдо мекунад, боҳро суст мегардонад, бемориҳои гуногунро бармеангезад.

Агар сирро дар об пухта, бо камтар намак ва бо андак равғани бодоми ширин ва ё равғани маска изофа карда бихӯранд, зарар намедонад. Инчунин инро бо кашниз, сиканчабин, оби анори майхуш ва монанди инҳо бихӯранд, дафъи зарар мекунанд.

Обашро ба чашм кашанд, сиёҳии таги чашмро ислоҳ мекунад. Сирро дар сирко парварда, яъне як шабонарӯз дар он тар карда, баъд бо он сирко ғарғара кунанд, зулуки дар ҳалқ часпидаро канда берун меоварад, забҳаро шифо мебахшад. (Забҳа — дарди гулӯи шадид, ки аз ҷамъ шудани хун дар ҳалқ ба амал меояд).

Сирро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм хукна
(клизма) кунам, ирқульнасоро шифо мебахшад.

Сирро дар хамир ё дар гил печонида, дар зери оташ пухта, ба дандон бимоланд, дарди онро, ки сабабаш ҷамъ шудани бод ё рутубат бошад, таскин медиҳад.

Инро кӯфта, бо асал сиришта, ба обила ва доначаҳои пӯст, шукуфаи пӯст, решҳои тари сар, сабӯсаки сар, доғи сафеди пӯст ва кӯтур бимоланд, шифо мебахшад, лекин пӯстро захмин ё реш мекунад. Бо асал ва сирко сиришта бардавом бимоланд, зардоби ҷамъшуда ва умуман варамҳои баданро таҳлил медиҳад.

Сирро бо шир пухта, хамир сохта гузошта банданд, дубайла (кӯрара) ва пучакҳоро мекафонад. Агар инро сӯхта, сонда, бо асал хамир карда гузошта банданд, хуни шахшудаи зери пилки чашмро дафъ мекунад.

Инро дар равған бирёну карда бихӯранд ва ин сири пухтаро бо ҳамон равған сиришта бимоланд, захмҳои обдори сарро дафъ мекунад.

Равғанеро, ки дар он чанд бор сир ҷӯшонида шуда
бошад, бимоланд, инчунин бихӯранд, хуни дар ҷойҳои

пешина
аз 702
навбатӣ