Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт

Ҷалолуддини Румӣ
МУНТАХАБИ ҒАЗАЛИЁТ

Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод

Китобе, ки дар даст доред, мунтахабе аз ғазалиёти ҷаззобу дилошӯби «Девони Шамс»-и шоири шаҳир ва мутафаккири мутабаҳҳири тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (1207-1273)-ро дар бар гирифтааст.

ТАРОНАҲОИ ТУҒЁННАФИРИ
ЧАКОМАСАРОИ ТӮФОНЗАМИР

Як рӯз ғазалгӯён в-Аллоҳ, супорам ҷон,
Зеро ки чу мӯ шуд ҷон, азбаски ҳамемӯям.
Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ

Мавлоношиноси маъруфи ҳиндӣ Халифа Абдулҳаким дар мавриде навиштааст, ки «таҳқиқ дар бораи (рӯзгору осори) Мавлавӣ (Ҷалолуддини Румӣ) на танҳо аз ин ҷиҳат ҷолиб аст, ки ӯ бузургтарин шоири ирфонии исломист, балки аз ин ҷиҳат, ки ҳеч масъалае аз масоили ҳаёти фалсафиву динӣ нест, ки вай бад-он напардохта бошад. Таҳқиқ дар бораи Мавлавӣ таҳқиқ дар бораи беҳтарин дастовардҳои ҳаёти фалсафиву динӣ дар ислом аст».
Бемуҳобо, Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Румӣ (1207 – 1273) аз абармардони фарҳанги бостони тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри волоъиёри форсии дарии тоҷикӣ буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари мутасаввифи адабиёти деринасоли мардумамон, дар радифи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалии Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Саййидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Иқболи Лоҳурӣ ва дигарон шуҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.
Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва нигоштаи муҳаққиқини баъдӣ, овони туфуллийяти тоҷикписари некӯсияр, ки дар хонадони марди маърифатпарвари макон ва фақеҳи шариъатгустари замон Султонулъуламо Баҳоуддин Валади балхӣ – писари Ҷалолуддини Хатиб валодат ёфтааст, ба даврони ҳамлаи муғулони беимони кишварситон – «бузургтарин садамае, ки то он вақт (садаи XIII – А.Р.) ба мусулмонон ворид омада буд» (Халифа Абдулҳаким), рост омада, рӯзгори нобасомон ӯро пеш аз маҳаллу марҳалаҳои табиъии синнусолӣ ба манзилату зинаҳои камолоту балоғати инсонӣ расонидааст.
Аёнтараш, аҳли хонадони Ҷалолуддини хурдсол аз бими хуруҷи маргосори чингизиёни девкирдор аввали солҳои бистуми асри XIII аз Балхи Шоҳҷон рахти иқомат барчида, дар фарҷоми чанде саргардониҳо ба шаҳри Нишопур мерасад. Баъдан аз Нишопур ҷониби Шому Бағдоду Ҳалабу Маккаву Димишқу Арзинҷону Лоранда рахти сафар барбаста, охирулуамр дар Қуния ном шаҳри Мулки Рум – Туркияи кунунӣ, ки пойтахти Кайқубоди Салҷуқӣ буд, бисоти иқомат мегустарад.
Дар давоми ин ҳама сафару ҳазарҳо ва шарару хатарҳо навниҳоли навхиёле, ки аз боғистони Осиёи Кабир ҷониби роғистони Осиёи Сағир бурда мешуд, аз тарафи боғдорони парастору роғдорони таҷрибадоре ҳамора шодоби навозишу парвариш гардонида мешавад, то дарахте борвар гардаду ҳолати заминро аз чархи барин мавриди наззора қарор бидиҳад:

На донотар он кас, ки волотар аст,
Ки волотар аст он, ки донотар аст!

Хушбахтона, алорағми ҳама гуна парешониву нобасомониву саргардониҳо, Ҷалолуддин Муҳаммад дар авони ҷавлони ҷавонӣ умуми улуми маъмули замонаро фаро гирифта, дар Ҳалабу Димишқу Қуния солиёне таҳсилу такмили дониш менамояд ва дар таълимоту назарийёти файласуфони Юнони Қадиму донишмандони Фаранги Навин вуқуфи комил пайдо карда, зуд мақоми устодиву мароми мударрисиро соҳиб мегардад.
Ҳамзамон, аз таълимоти сӯфиёни варзидаву орифони писандидаи гузаштаву ҳозира, матлабу мақсади фирқаву шохаҳои гуногуни сӯфия, муҳтавои навиштаҷоти мутасаввифини варзида ва, умуман, афкори пайравони тасаввуфу ирфон ва асрори замону андешамандони он баҳраҳо бардошта, баъди вафоти падараш Баҳоуддини Валад ва устодаш Бурҳонуддини Табрезӣ умури сарварии мударрисон, саробонии шогирдону пайравони падар ва тадриси улуму фунуни мадрасиро комилан бар уҳдаи хеш мегирад.

аз 71
навбатӣ