Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
донаи арзан барин аз ин қивом бо шири модараш бихӯронанд, даво мешавад; инчунин ҳамаи бемориҳои тифлонро, ки вобаста ба феъли майна бошанд, ба ибро меоварад.
Агар ҷавони калонсол ба иллати саръ (припадка) гирифтор бошад, миқдори донаи ҷуворимакка аз қивоми ин бо шарбати говзабон як бор ба ӯ бихӯронанд, сиҳат мебахшад, вале агар бардавом бихӯронанд, ин бемориро авҷ мегиронад.
Табибони ҳозиқи Ҳиндустон истеъмоли бардавоми ҷадворро боиси фарбеҳ шудани бадан медонанд.
Қивоми ҷадворро дар сирко ҳал намуда бимоланд, варамҳои сардро мепазонад ва таҳлил медиҳад, хусусан варамҳои хатарноки паси гӯш, зери бағал ва каши ронро, ки се-чор бимоланд, дафъ мекунад. Барои дарди гулӯи шадид, ки аз ҷамъ шудани хун дар он мавзеъ бошад, барои ханозер (ҳукгардан) ва дигар варамҳои гулӯ ҷадвор даво мебошад, инчунин тоун (чума), ки реши мӯҳлик аст, вабо (халера), ки реши тоунро ба амал меоварад, доғи пес, доғи сафеди пӯст, доғи кунҷидак ва доғҳои дигари гуногуни пӯст ва дардҳои буғумҳоро, бо мудовамат бимоланд, шифо мебахшад. Агар инро бо кӯфтаи чанд дона мурч ҳамроҳ карда бимоланд, варамҳои сардро ва агар дар оби кашниз мулоим карда бимоланд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад. Ва агар қивоми инро батанҳоӣ бимоланд ё бо оби кашниз ва ё бо сирко сиришта бар пушти чашм бимоланд, варамҳои пилкҳои чашмро таҳлил медиҳад. Агар инро ба дандон бимоланд, дарди дандонро, ки аз хунукӣ бошад, таскин медиҳад, бар бавосир бимоланд ҳам, дардашро сокин мекунад, инчунин варамашро низ мегардонад. Агар худи инро батанҳоӣ ба зери ноф бимоланд, захми ҳичакро шифо мебахшад ва пешоби бандшударо мекушояд. Камтареро аз он дар об ҳал карда, ба чашм чаконанд, дарди чашмро, ки сабабаш хунукӣ бошад, сиҳат мебахшад. Агар маҳлули инро бо чакрарез дар сӯрохи закар гузаронанд, пешоби баста ва рими бандшударо мекушояд.
Решаи хушки онро ос карда, ба ҷароҳатҳо бипошанд, хуни равони онҳоро мебандад ва онро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
Қивоми ҷадворро бо равғани зайтун ё равғани гулисурх даромехта бимоланд, бемориҳои вобаста ба ҳолати майна ва асабҳо бошанд, монанди саръ, сакта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор