Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
тоҷикӣ мебошад. Вале барои давогӣ ғунҷаи пурра ношукуфтаи он беҳтар аст, зеро ки қуввати қабзият дар он зиёда аст.
Мизоҷаш мураккабулқувват аст. Як қисм табибон мизоҷи инро дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк, вале аксари табибон мизоҷи инро гарм ва тар гуфтаанд; баъзеҳо дар гармиву сарди муътадил донистаанд. Агар онро хушк кунанд, қабзияташ, яъне ғирандагиаш зиёда, вале талхиаш камтар мегардад.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумиаш: зиёдакунандаи қувватҳои бадан ва арвоҳ, фарахбахш, рақиқ (суюқгардондани) моддаҳои ғафсгашта ва муҳайё кунандаи онҳо барои дафъ шудан, поккунандаи узвҳои бадан аз моддаҳои нодаркор ва зиёдатӣ, исҳоловар, таскиндиҳандаи сафро ва балғами рақиқ, қабзиятовар, хусусан хушки он, қуввати қабзиятнокӣ дар ғунҷаи хушки он боз ҳам зиёдтар аст.
Чун 70 грамм гулбарги онро кӯфта биҳӯранд, исҳол меоварад.
Оби гулбарги онро дар бинӣ, гӯш ва чашм чаконанд, дарди сар, дарди чашм ва дарди гӯшро, ки ҳама аз гармӣ бошанд, таскин медиҳад. Агар хушки онро дар об ҷӯшонида, он обро ба чашм чаконанд, ғафсӣ ва дағалии пилқҳоро ба ислоҳ меоварад.
Гулбаргҳои тару тозаи онро кӯфта гузошта банданд, дарди сарро шифо мебахшад. Инро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дандон ва милки онро мустаҳкам мекунад. Инчунин ин гулбаргҳоро ба дандонҳо бимоланд, низ дандон ва милки онро мустаҳкам мегардонад. Хушки онро кӯфта бипошанд, ҷӯшиши (пухтани) даҳанро шифо мебахшад, инчунин инро бо наск дар об якҷо ҷӯшонида, он обро бо кофур даромехта, дар даҳан гардонанд, ҷӯшиши даҳанро бартараф менамояд.
Гулисурхро бибӯянд, дил ва майнаро қувват мебахшад, вале дар одамони майнаашон заиф атса меоварад, ба зуком ва назла гирифтор мекунад ва ҳатто ба саромос мубтало месозад, вале дар баъзе одамон баръакс, ба ин иллатҳо шифо мебахшад. Ҳангоми ба гарммизоҷон зарар карданаш, кофур истеъмол фармоянд, зиёнаш ислоҳ мегардад.
Чун гулбаргҳои онро биҳӯранд, дил, шуш, меъда, ҷигар, гурда, рӯдаҳо, ҳичак, бачадон ва мақъадро қавӣ мегардонад, хун қай карданро манъ месозад. Агар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор