Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

шифо мебахшад, бӯи бади захм ва ринҳсро дур месозад, заҳрҳои сардмизоҷи ҷонваронро монанди заҳри каждум ва ғайраро аз бадан дафъ мекунад.

Агар равғани инро бар пешонӣ ва чаккаҳои сар бимоланд, дарди сарро таскин медиҳад ва ин равғанро ба пилки чашм бимоланд, паридани онро манъ месозад.

Дорчиниро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро қувват мебахшад ва агар бо дигар давоҳои чашм даромезанд, таъсири онҳоро ба табақоти чашм мерасонад.

Дорчиниро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко даромехта бинӯшанд, хиқкак (хиқичоқ)-ро, ки сабабаш ҷамъ шудани рутубат бошад, ислоҳ медиҳад; агар ин обро бо пӯсти ҳалилаи кобулӣ биёшоманд, истискои лаҳмӣ ва обиро шифо мебахшад.

Инро кӯфта гузошта банданд, узвҳои ларзакромба ислоҳ меоварад ва инчунин ларзонидани табҳои балғамӣ ва савдовиро дафъ мекунад; ба мақсад гузошта банданд, донаи бавосирро меафтонад ва дарди онро таскин медиҳад, газидани каждумро даво мешавад.

Агар инро хоида, ба ҳашафа (сари закар) бимоланд, лаззати ҷимоъро афзун мегардонад.

Кӯфтаи дорчиниро бо асал даромехта бимоланд, рихинаки рӯй ва доғҳои кунҷидакро дафъ мекунад; бо сирко сиришта бимоланд, низ чунин таъсирро дорад.

Хӯрдани дорчинӣ ба одамони гарммизоҷ зарар дорад, дарди сар меоварад, ба хичак ҳам зиён мекунад.
Дар ин ҳолатҳо катиро бихӯранд, ислоҳи зарари он менамояд.

Миқдори як бор хӯрдан аз дорчинӣ дар як рӯз аз 7 то 14 грамм аст.

Агар дорчинӣ ёфт нашавад, ба ҷои ин занҷабил истеъмол намоянд, раво мебошад. Ва барои рақиқ гардонидани моддаҳои ғафси бадан ва қувват бахшидан ба бадан баробари вазни ин самари арҷаро истифода намоянд, ҷоиз аст.

Мизоҷи равғани ин аз худи дорчинӣ бисёр гарм ва хушк дар дараҷаи саввум аст.

Тайёр намудани равғанаш ин тавр аст. Бигиранд ним килограмм пӯстлоҳ — дорчини тундбӯй, ки цейлонӣ мебошад, дар се кило равғани зайтун ё равғани кунҷид дохил намуда, камаш 10 рӯз дар офтоб гузоранд. Ҳар рӯз барҳам зананд, яъне бикованд. Ҳамин равғани дорчинӣ ҳисоб меёбад.

пешина
аз 702
навбатӣ