Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Агар аз ин равған ҳар рӯз аз 4,5 то 9 грамм биёшоманд, барои қач шудани рӯй, фолич, газидани каждум ва ғунда, ларзонидани табҳои даврӣ дору мешавад.

  1. Дӯшоб

Ин оби софи меваҳои ширинтаъм аст, ки ҷӯшонида, аз чор се ҳиссааш бухор гашта, як ҳиссааш монда бошад. Баъд бар он хоки дӯшоб мезананду мегузоранд, то дурдаи он таҳнишин ва худаш ширин гардад. То хоки мазкурро бар он назананд, хуб ширин намегардад, балки бидуни ин андак таъми туршӣ дорад ва каме нософ мебошад. Инро ба тоҷикӣ ширинӣ мегӯянд. Шириниро мумкин аст аз ангур ё аз тутӣ сафед ва ғайра тайёр кунанд.

Мизоҷи ширинии (дӯшоби) ангурӣ дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, хуни солим пайдо мекунад, баданро фарбеҳ месозад, гиреҳҳоро мекушояд; агар инро бо судоб бихӯранд, барои иллати сарь (припадка) дармон мешавад; агар бо зарпечак бихӯранд, тарсончакӣ ва девонагиро дафъ мекунад; бо тухми махсар биёшоманд, шаро (аллергия)-ро ҳамон рӯз ба ибро меоварад; бо анҷир ва ҳулба бихӯранд, барои сурфаи кӯҳна ва дарди узвҳои даруни сина дору мешавад; бо заъфарон биёшоманд ваҳм ғам ва ғазаби шадидро дафъ мекунад; инро бо шири тозадӯшида ва андак бодоми ширин бихӯранд, дилтапак (дилбозӣ), лоғарии шадиди бадан, сустӣ ва заифии узвҳои даруни шикамро бо як аҷобате шифо мебахшад; бо андак сирко бихӯранд, зардпарвинро дафъ мекунад, иллатҳои сипурзро ба ибро меоварад; бо оби ҷав биёшоманд, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, пешобро равон мекунад.

Агар ин шириниро бо гулихайрӣ ҷӯшонида гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва пучакҳоро мекафонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз дӯшоб (ширинӣ) дар як рӯз аз 45 то 90 грамм аст. Агар инро аз ҳад зиёд бихӯранд, хунро месӯзонад, дарди сар медиҳад. Дар ин ҳолат тухми райҳон, сиканчибин (сиркоасал) ва туршиҳо бихӯранд, зиёнаш ислоҳ мегардад.

пешина
аз 702
навбатӣ