Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
- Мавиз
Ин ангури хушконида мебошад, ки мавизи ангур гуфтан ҳам равост. Беҳтарини мавизҳо пургӯшти кам-дона ва ширини онҳост. Бадтаринаш хушки камшираи пуртухми он мебошад.
Мизоҷаш вобаста ба навъи ангураш гуногун мебо-шад, масалан, агар аз ангури сафед тайёр карда бо-шанд, гармин мизоҷаш камтар назар ба сиёҳи он ва дар ширинаш гармӣ зиёдтар аст. Мӯътадилтарини ха-ман онҳо сафед ва баъд аз он сурх ва баъди он сиёҳи он аст. Мизоҷи хушки камгӯшти пуртухми он моил ба хушкӣ мебошад. Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: мавизро бихӯранд, ҳил-ги ғафсро пазонида, барои дафъ шудан тайёр мекунад, дарунро мулоим месозад, чизҳои сахти дохили баданро дар ҳадди эътидол таҳлил медиҳад, меъда ва рӯдаҳоро аз чизҳои бегона пок мегардонад, ба дабоҳои исҳоло-вар кӯмак мерасонад, барои қасабаи шуш, яъне ба ро-ҳи нафас форам ва мувофиқ аст; ҷигарро қувват меди-ҳад, дар одамони сардмизоҷ бохро ба ҳаракат меова-рад, баданро фарбеҳ мекунад; барои сурфаи балғамӣ, бемориҳои гурда ва ҳичак даво мешавад, инчунин зах-ми рӯдаҳоро шифо мебахшад.
Агар мавизро бо гули говзабон ва хурмои сабз би-хӯранд, дилтапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад; инро бо сирко бардавом бихӯранд, зардпарвинро дафъ ме-кунад. Агар ба ҷои тухмаш дар ҳар мавиз як дона мурч ҷо карда, ба хӯрдани он мудовамат намоянд, ба-рои сардии гурда ва чакмезак дармон мешавад, санг-ҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад.
Чун мавизро бо арпабодиён бипазанд то он, ки му-ҳарро гардад, баъд соф карда, бо равғани бодоми ширин бихӯранд, сурфаи тари аз хунукӣ баамалома-даро шифо мебахшад.
Мавизро як шабонарӯз дар об тар карда ё онро дар об ҷӯшонида, он обро бо барги пухтаин шилҳа (қав) бихӯранд, дарунро мулоим мекунад.
Агар мавизро як шабонарӯз дар сиркои ангури тар карда, баъд ба дили наҳор бихӯранд, варами сипурзро таҳлил медиҳад, ки ҳар рӯз чанд дона аз он мавиз хӯрда, аз болояш аз он сирко ҳам камтар бинӯшанд, давои аҷибест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор