Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

агарчи сабабаш дар сипурз бошад, шифо мебахшад; ин миқдори онро бо талхшувок даромехта, бо асал маъҷун сохта, яъне сиришта, бардавом бихӯранд, истисҳои гӯштӣ ва обиро шифо мебахшад; агар бо арпабодиён бихӯранд, дардҳои ботиниро таскин медиҳад, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад; бо асал бихӯранд, барои қулинҷ (колит) шифо мебахшад, инчунин тамоми навъҳои бодро тит ва пароканда мегардонад.

Агар инро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, қулинҷро мекушояд, варам ва захмҳои рӯдаҳоро ба ибро меоварад.

Хондани он ба танҳоӣ ва фурӯ бурдани оби он некудавоест барои дарди меъда, оруғи гурш ва истодани таом дар сари меъда дармон мешавад.

3,5 грамми онро бо шаҳдоб (асалоб), агар бемор таб дошта бошад, барои исҳол, дафъ кардани балғаму сафрову савдои бо ҳам омехта, гудохтани хилти ғализ ва берун кашидани онҳо аз ҷойҳои дури бадан, равон кардани пешоб ва ҳайз, дафъ кардани дарди рӯдаҳо ва бӯғмаи бачадон (инчунин таҳлил додани боди бачадон) даво мешавад, вале агар бемор таб надошта бошад, бо шаҳдоб ва сабир (алоэ) низ бихӯранд, бӯғмашавии бачадон ва захми онро шифо мебахшад; агар бо камтар ҳояи сагобӣ бишоманд, ҳамаи навъҳои қулинҷ ва иловус (дард ва варами рӯдаҳои борик)-ро шифо мебахшад; бо решаи ревоҷ бихӯранд, сангҳои гурдаро майда карда мерезонад.

Агар инро бо шарпӣ ё бо чалаор бихӯранд, ҳамаи намудҳои варамро таҳлил медиҳад.

Аз 1,75 то 3,5 грамми онро бо сиканҷабин сиришта бимоланд, дардҳои буғумҳо ва иркуннасо (радикулит)-ро дафъ мекунад, инчунин никрис (подагра), дарди буғумҳо, бемориҳои акаб ва табҳои доимиро бо сабир (алоэ) даромехта бимоланд, ба ибро меоварад.

Аз 3,5 то 7 грамми онро бо шароб бихӯранд, барои газидани мор ва дигар ҷонварони заҳрнок таръёк мебошад, инчунин ба ҷои газида батакрор гузошта банданд ҳам, чунин таъсирро доруст. Агар ин замбӯруғро бо худ доранд, каждум намегазад.

0,8 грамми онро бихӯранд, ранги рухсорро неку мегардонад.

Ҳамаи намудҳои дигари ин замбӯруғ зарарнок аст, ки ба дарди гулӯи хафакунанда, ғамгинӣ ва бемориҳои

пешина
аз 702
навбатӣ