Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

шуш гирифтор карда мекушад. Ва агар онҳоро хӯрда бошанд, давояш хӯрдани хояи сагобӣ, оби гарм нӯшида қай кардан, инчунин шири навдӯшида нӯшида, қай кардан ва ғайра аст.

Ба ҷои ин ду баробари вазни ин зарпечак истеъмол намоянд, раво мебошад.

  1. Сабӯс

Дар тиб асосан сабӯси орди гандум истифода мешавад ва банудрат сабӯси орди донҳои дигарро низ кор мефармоянд.

Мизоҷи сабӯси орди гандум дар гармӣ камтар аз орди гандум, вале хушктар аз он аст, хуллас, дар дараҷаи якум гарм ва хушк мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: сабӯси орди гандумро дар сирко як шаб тар карда, баъд тафсонда бухорашро ба машом бикашанд, зукомро дафъ мекунад.

Сабӯси орди гандумро дар об бо шакар, асал ва равғани бодоми ширин ҷӯшонида ва он обро ҷуръа-ҷуръа биёшоманд, узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим мекунад, барои дафъ кардани хуни ҷамъшуда бо қай мадад мерасонад; дағалии узвҳои даруни сина, сурфаи кӯҳна, дамкӯтаҳӣ ва бодҳои ғализро дафъ мекунад, инчунин барои одамони камқуввати аз беморӣ навхеста ғизо мешавад.

Аз сабӯси орди гандум нон пухта бихӯранд, қабзиятовар аст, рутубатҳои зиёдатии меъдаро хушк мекунад.

Ин сабӯсро дар шароб пухта гузошта банданд, дарди пистонро таскин медиҳад ва варами онро, ки аз шах шудани шир сурат гирифта бошад, таҳлил медиҳад.

Сабӯсро дар оби барги турб пухта гузошта банданд, дарди газидани каждумро таскин медиҳад. Сабӯсро бо намак дар об пухта ё сабӯси хушкро бо намак якҷо кӯфта гузошта банданд, газидани мори афъӣ ва каждумро шифо мебахшад, бодҳо ва варамҳои сардро таҳлил медиҳад. Сабӯсро бо сирко ва асал пухта гузошта банданд, ҷӯзишҳои мӯрчагазакрс, ки даванда бошанд, кӯтури решгашта, шукуфаи пӯст ва варамҳои гармро шифо мебахшад.

Сабӯсро дар сирко як шаб тар карда, баъд гузошта

пешина
аз 702
навбатӣ