Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

сина ва силро шифо мебахшад, хуни бавосир ва ҳайзро қатъ мекунад. Агар инро бо наски бирёнкарда пухта бихӯранд, исҳолро мебандад.

Аз нишоиста ҳарира (кисель) тайёр карда бихӯранд, моддаҳои ғайриро, ки ба узвҳои даруни сина фуруд меоянд, аз фуромадан манъ мекунад. Нишоистаро бо чарбии буз ба ин тариқ, ки бояд як вазн нишоистаро бо чор баробар вазни он об ва чарбии буз хуб бипазанду бихӯранд, аз ҳад зиёдати амали давои исҳоловарро дафъ мекунад, харошида шудани сатҳи даруни рӯдахоро шифо мебахшад.

Нишоистаро дар оби гарм ҳал карда, бо он хукна кунанд, захмҳои сатҳи даруни рӯдаҳоро ба ибро меоварад.

Нишоистаро бо сирко хамир сохта гузошта банданд, дарди гулӯро шифо мебахшад ва варамҳои гармро таҳлил медиҳад.

Нишоистаро бо шароб даромехта бимоланд, барои газидани мори афъӣ даво мешавад.

Нишоиста ҳамчун ғизо камқувват аст.

Вале бисёр хӯрдани нишоиста маниро кам мекунад, дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад, дер ҳазм мешавад ва мегӯянд, ки моддаи савдоро ба амал меоварад. Давои ин зарарҳояш шириниҳо ва қаранфули гардан хӯрдан аст. Ба ҷои ин биринҷи шустагӣ ва гарди осиёро истеъмол кунанд, раво мебошад.

Миқдори як бор хӯрдан аз нишоиста дар як рӯз аз 4,5 то 70 грамм аст.

  1. Шакари янток

Ин шабнамест, ки бар гиёҳи шутурхор, яъне янтоқ дар ноҳияҳои Хуросон, сарзаминҳои мобайни дарёҳои Ому ва Сир, Гурҷистон, Туркманистон ва Ҳамадон менишинад ва монандӣ резаҳои набот шах мегардад. Таъмаш ширин аст. Беҳтарини он нав ва аз баргу хори гиёҳаш ҷудо кардашудаи он аст. Шоҳҳои шакарбори онро бурида ҷамъ намуда, ба суфра ва дастархонҳо метаконанд, то ин ки шакараш ҷудо гардад. Баъд аз хору баргу хошок пок сохта истеъмол мекунанд. Агар ба шоҳу баргу хори янтоқ часпида монад ва дар вақти такондан ҷудо нагардад, он гоҳ онро ба об андохта меҷӯшонанду пӯлида, аз хасу хошок пок намуда, бо

пешина
аз 702
навбатӣ