Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
банданд, ҷамра (карбункул)-ро, ки реши мӯҳлик аст, даво мешавад. Агар сабӯсро бо андак намак тафсонида, дар халтача ҷо дода, гармбандӣ кунанд ва вақте, ки сард шуд, бо халтачаи дигар гармбандӣ намоянд, варамҳои бодиро таҳлил медиҳад ва дардҳои гуногунро низ сокин мекунад.
Сабӯси орди ҷавро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, барои хориш ва шаро (аллергия) даво мешавад.
Сабӯси орди наскра сӯзонида, дудашро ба машом кашанд, ҳангоми хоб дар ҷоғаҳ шошиданро шифо мебахшад, шапуш ва ришкро дафъ мекунад. Сабӯси орди боқилоро дуд кунанд, гули дарахтонро аз рехтан манъ менамояд.
- Нишоиста
Тайёр намудани ин чунин аст. Гандумро дар об то бӯи бад пайдо кардан тар мекунанд. Ин вақт пӯсти он аз мағзаш ҷудо мегардад. Баъд ҳамаи онро бо чангол мемоланд, мағзаш аз пӯст ҷудо мегардад, яъне мағзи он аз даруни пӯсташ берун меояд. Баъд онро аз ширахалта мегузаронанд, суфлашро мепартоянд ва аз ширахалта гузаштаашро то муддате таҳшин гаштан мегузоранд, вақте ки тамоман таҳшин шуд, оби болояшро рехта мепартоянд ва таҳшинашро курсҳо сохта, дар офтоб хушк мекунанд. Баъд ба истеъмол медиҳанд. Беҳтарин нишоистаҳо сафеди нав ва софи сиёҳ нагаштан он аст.
Мизоҷи ин дар охири дараҷаи аввал сард ва хушк аст, вале баъзеҳо сард ва тар донистаанд.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бо давоҳои чашм ҳамроҳ намоянд, хислатҳои номанзури онҳоро ислоҳ менамояд ва он доруро ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад, захмҳои чашмро хушк мекунад, кӯтури ин узвро шифо мебахшад ва моддаҳои ғайрии ба чашм рехташавандаро манъ месозад.
Нишоистаро дар шири занон ё дар сафедаи тухми мурғ ҳал карда, ба чашм кашанд, сӯзиши ин узвро таскин медиҳад, дарди чашмро сиҳат мекунад ва шахшӯлин пилқҳои чашмро мулоим мегардонад.
Нишоистаро бо набот ё бо равғани бодоми ширин пухта, нимгарм бихӯранд, хун кай карданро манъ мекунад; дағалии ҳалқ, сурфаи гарм, дарди узвҳои даруни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор