Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Хокеро, ки муддати тавил офтоб бар он тобида бошад, бимоланд, барои истиско (водянка) дору мешавад, узвҳои сусту нотавонгашта ва лоғарро ба ислоҳ меоварад. Агар инро бо сирко сиришта бимоланд, газанди ҷонварони захнокро дафъ мекунад. Бо он хок сарро бишӯянд, сарро аз чирк пок мегардонад, мӯйро мустаҳкам ва дароз мекунад.

Хокеро, ки оташи бисёр дида бошад монандӣ хо-ки оташдон, бисёр хушккунанда ва поккунандаи ба-шара аст, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, инчунин дағалии ҷоҳои бадан ва хоришро нест менамояд. Инро бо сирко хамир карда гузошта банданд, газидани зан-бӯрро шифо мебахшад. Агар инро бо мумравған си-ришта гузошта банданд, ханозер (хукгардан) ва сах-тиҳоро таҳлил медиҳад.

Хоки ганӯрро бо намак ва сирко сиришта бимо-ланд, качалин (каляраи) сари кӯдаконро дафъ ме-гардонад.

Хоке, ки муддати дароз дар намак монда бошад ва зарфи гиле, ки дар он намак мегузоранд, барои таҳлил додани варамҳои сард, кафонидани пучакҳо ва чиртак-ҳо доруи хубест. Агар ин кабил хокро бо пешоби буз ӯ шутур, ё гов хамир сохта гузошта банданд, истискоро шифо мебахшад. Кохгилро бо сирко хамир сохта гу-зошта банданд, барои газидани каждум ва ҷонварони дигар дору мебошад. Варамҳои гармро таҳлил меди-ҳад. Чун ба кохгил гулоб бипошанду бибӯянд, дил ва майнаро қавӣ мегардонад, дилтапакро дафъ мекунад, иллати бехушшавӣ ва тафси ин узвҳоро ислоҳ меди-ҳад.

Кохгилро бо гулоб, арақи говзабон ва дигар арак-ҳо хамир сохта, як шабонарӯз дар гобистон болояшро пӯшида бигузоранду баъд бо анбик аз он арак каши-да, аз он арак биёшоманд, дилро қавӣ мегардонад; дилтапак (дилбозӣ) ва сустии меъдаи гармро беан-доза фоида дорад.

Молидан ва гузошта бастани хоки таҳшини наҳрҳои обишон ширин, узвҳоро қавӣ мегардонад ва варамҳои кӯҳнаро таҳлил медиҳад; сусту нотавон ва лоғарияи аъзоро, ки аз бисёр рафтани хун ва хун кай кардан сурат гирифта бошад, шифо мебахшад.

Хоки чорраҳаро гузошта банданд, ренхоро хушк ва аз рим пок мегардонад. Агар изро бимоланд ё гузошта

пешина
аз 702
навбатӣ