Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

банданд, узвҳои сустгаштаро мустаҳкам месозад, ба истисқо нафъ дорад.
Инро дар замонҳои қадим ба таркиби баъзе маъҷунҳо дохил менамуданд.

  1. Гили бӯта

Ин хокест сафедранг, мулоим, часпак ва андак чарб аст. Он рагҳои хоки холиси часпак аст.
Мизоҷаш хунук ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар бо ин сарро бишӯянд, мӯйро аз кирк пок мегардонад.
Агар инро бипошанд, гузошта банданд ва бимоланд, барои захмҳои кӯҳна, пучак ва чиртакҳо, таҳлил додани варамҳои гарм ва таскин додани дарди онҳо дармон мешавад.

  1. Ақиқ

Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон ҳақиқ ҳам мегӯянд. Ақиқ санги қиматбаҳоест маълум ва кони он дар мулки Яман ва дар Канбоят бештар, инчунин дар соҳили баҳри Рум (Византия) низ мебошад. Беҳтарини он яманӣ аст, ки соф ва шаффоф бошад. Фарқи миёни ақиқи яманӣ ва ғайрияманӣ дар он аст, ки ақиқи яманӣ сахт мебошад баръакси ғайриямании он ва бо рангҳои гуногун аст: сурх, зард, сафед, сиёҳ (ҳар яке аз инҳо рангин, нимранг, сурх, чигарӣ, соф, шаффоф, нософ, ало, сангранг, қабатдор). Ҳар якеи онҳо ҳангоми аз қонаш баровардан камранг мебошанд. Қитъаҳои, соф, шаффоф, инчунин бечирми онро ҷудо карда, меҷӯшонанд, сонӣ рангин мегардад. Тариқи ҷӯшониданаш чунин аст, ки деги калони сафолӣ ё мисиро, ки баланд бошад, то ба гардан дар он чӯбҳо мечинанду даруни дегро то нисфаш об меандозанд. Қитъаҳои ақиқро бар он чӯбҳо мечипанду сари дегро маҳкам баста, аз таги он оташи мулоим меафрӯзанд, ки бухороти гарм ба он қитъаҳо бирасад. Касоне, ки ин амалро баҷо меоваранд, назди худ одамони қарорӣ доранд, то ки онҳо барои рангин кардани ақиқ дастъёрӣ намоянд. Баъд аз рангин шуданаш, қитъаҳои ақиқро бароварда, тарошида, суфта, ба ҳар шакл ва намуде,

564

пешина
аз 702
навбатӣ