Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ки хоҳанд, медароранд. Он чӣ аз онҳо бисёр рангини софи шаффофи барроқи якранг бошад, бисёр хуб аст.

Барои давоҳо, ангуштарини қисми бисёр сурх, шаффоф ва барроқи онро сарачин мекунанд. Баъд зард ва он чӣ дар ҷирми он шаклҳои монандӣ шохӣ дарахтон ё сурати кӯҳпорае бошад, онро ҳаҷарӣ (сангӣ) меноманд. Он чӣ қабат бар қабат бошад, ҳар якеро ба ранги ҳамон қисм метарошанд, ки қабатҳои он яке аз болои дигаре мебошад, онро ҷазъ (бомшакл) меноманд. Он чӣ ба паҳной бурида бошанд, ки дар сатҳи рӯи он хатҳои гирдшакл ва ё ғайри гирдак бошанд, онро ҳаҷари (санги) сулаймонӣ ва ба тоҷикӣ бобоғӯрӣ меноманд. Ин навъи охирин аксар сахттар мебошад назар ба хелҳои дигари он. Аксар санги мӯҳраро аз ҳамин навъаш месозанд.

Мизоҷи ақиқ дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: як грамм ақиқи махинсоидаро батанҳоӣ ё бо шарбати себ биёшоманд, дилро қувват мебахшад ва дилтапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад; ин миқдорро батанҳоӣ биҳӯранд, хун қай кардан ва хунравиро аз ҳар узве, ки бошад, хусусан хуни ҳайзро, ки бо ҳеҷ даво наистода бошад, манъ мекунад. Агар ин миқдор ақиқро бо асал ё бо ҷадвор биҳӯранд, гиреҳи ҷигарро мекушояд; бо тухми гулихайрӣ ё бо шибит ва ё бо ҷадвор биҳӯранд, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад.

Имро махин ос карда ё бо дигар давоҳои чашм даромехта, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро қувват медиҳад ва даруни милки чашмро неку мегардонад.

Ақиқи сӯхтаро ос карда батанҳоӣ ё бо марворид, ё бо марҷон ба дандон бимоланд, дандонҳои ҷунбонак ва милки онро мустаҳкам мекунад, рафтани хунро аз буни дандон манъ месозад ва чирки онро нест мегардонад.

Агар ақиқро бо худ овезанд, шиддати ғазабро таскин медиҳад ва хунравиро аз ҳар узве, ки бошад, манъ месозад, хусусан барои ҳайзи ҳамешаравон дору мебошад.

Агар ангуштари ақиқро ба даст бипӯшанд (бигузоранд), дилтапакро дафъ мекунад, дар назари душман ҳайбатнок мегарданд ва аз дарди узвҳои даруни сина эмин мемонанд.

Нақл аст, ки чун ақиқро бо мушк, кофур ва равғани

пешина
аз 702
навбатӣ