Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Таом ва шаробро дар зарфҳои нуқра биёшоманд, фарах меоварад.
Агар аз ҷоми нуқра шароб нӯшанд, зуд мастӣ меоварад.

  1. Сандарус

Ин чизест монанд ба каҳрабо ва аз ҷинси он аст. Рангаш зард, баъзе порчаҳои он сурхранг, аз каҳрабо резатар, дар равғани кунҷид ба оташ гузоранд, гудохта мегардад. Равғани машҳур, ки наққошон истифода мекунанд ва мутахассисони Ҳиндустон сохта, ба ҳарир мемоланд ва аз он мумҷома месозанд, аз ҳамин аст.

Сандарус зоҳиран шилми дарахте мебошад, ки маълум нест. Дида мешавад, ки дар мағзи онҳо кирмҳои майда ва мӯрчаҳо ҳастанд. Аз ин маълум аст, ки дар вақти нав ва рақиқ (суюқ) будани ин шилм он ҷонварон дар он ғӯтида ва баъди шах шудани шилм ҳамон тавр мондаанд. Ин ҳам далели он аст, ки сандарус аз қабили шилм аст.

Сандарус чор навъ мебошад: 1. Он, ки беруни он зард ва дарунаш сурхи барроқ (ялаққосӣ); 2. Он, ки зарди камранг, бисёр суст, яъне мулоим. 3. Он, ки моил ба кабудӣ ва суст. 4. Он, ки рангаш сиёҳ ва сабукӣ сахт. Қисми якумаш беҳтарини ҳамаи он аст. Хубтарин сандарус он аст, ки монанд ба каҳрабо коҳро ба худ бикашад. Қуввати он то 20 сол боқӣ мемонад. Ин аз давоҳои волоқадр ба ҳисоб меравад. Фарқи мобайни сандарус ва каҳраборо муайян кардан бисёр душвор аст. Зеро ки ин низ коҳро монанди каҳрабо ба худ мекашад. Вале фарқаш дар ҳамин аст, ки ин аз каҳрабо сусттар аст ва чун ба оташ андозанд, аз ин бӯи бад, яъне бӯи шохи ҳайвони сӯхта меояд ва аз сӯхтаи каҳрабо бӯи оби мустако шамида мешавад. Дигар он, ки аз каҳрабо бӯи оби лимӯ меояд, хусусан, ки бимоланд ва гарм кунанд, ин бӯй зиёдтар зоҳир мегардад. Таъми сандарус андак талх мебошад, вале каҳрабо талхӣ надорад. Қуввати хасро ба худ кашидан дар сандарус камтар аз каҳрабост.

Мизоҷи сандарус дар дараҷаи дуввум гарм ва дар саввум хушк аст ва ба қавле дар якум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро ос карда бихӯранд, рутубатҳои зиёдатини майна ва дигар узвҳоро хушк

пешина
аз 702
навбатӣ