Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мегардонад; хун қай кардан ва хунравиро аз ҳамаи узвҳо хоҳ аз дарун бошад, хоҳ аз берун, манъ мекунад; исҳоли хунинро шифо мебахшад, балғамро аз меъда ва рӯдаҳо канда дафъ менамояд, кирмҳои ин ҳар ду узвҳо, ҳатто кирми кадудонаро мекушад, пешоб ва ҳайзро равон месозад: агар асаб аз зиёд шудани балғам, сардӣ ва рутубат суст ва нотавон шуда бошад, ислоҳ мекунад; дилтапак (дилбозӣ), васвос, дамкӯтаҳӣ, зиқ-ун-нафаси балғамӣ, табҳои давой, бемориҳои сипурз, бавосир ва исҳоли кӯҳнаро шифо мебахшад. Инро бо сиканҷабин якҷо бо мудовамат бихӯранд, фарбеҳиро дафъ мекунад, арақ карданро манъ месозад, қуввати баданро нигоҳ медорад — бинобар ҳамин гӯштингирҳо инро мехӯранд.
Агар инро бо шаҳдоб (асалоб) биёшоманд, хуни ҳайз ва пешобро меронад.
Сандарусро бо сирко ё сиканҷабин ва ё бо ҳар ду якбора биёшоманд, бачаи занони ҳомиларо аз шикам башиддат меафтонад.
Агар сандарусро бо асал даромехта ба чашм кашанд, гули чашм ва захми онро дафъ мекунад, доғҳои аз ҳар захм ё реш боқимонда ва шилпуқиро сиҳат мекунад.
Чун сандарусро соида, ба ҷигари гӯсфанд ё оҳу пошида, дар рӯи оташ кабоб кунанд ва оберо, ки аз он барояд, ба чашм кашанд, шабкӯриро дафъ мекунад. Ин обро дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад, гаронии гӯшро бартараф мекунад. Ин обро бо равғани зайтун ё бо равғани гулисурх даромехта бичаконанд, ҷароҳати даруни онро ба ҳам меоварад.
Сандарусро бо шакар якҷо сӯхта, дудашро бигиранд, зуком ва бавосирро қатъ мекунад, носурро, ки захми кӯҳнаи лоилоҷ аст, хушк мекунад, яъне сиҳат мебахшад.
Агар сандаруси кӯфтаро ба дандон бимоланд, дарди ин узвро таскин медиҳад ва дандони ҷунбонакро мустаҳкам месозад, инчунин решҳои милки дандонро сиҳат мекунад.
Кӯфтаи инро бипошанд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
Агар инро дар равғани бодоми ширин ҷӯшонида ба қивом оваранду бимоланд, кафидани ҳар узверо, ки бошад, шифо мебахшад. Ва агар бо равғани гулисурх қивом карда муттасил бимоланд, кафидани гӯштҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор