Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

дасту похоро сиҳат мекунад; бо катрон (дёгоҳ) даромехта бимоланд, шукуфаи пӯстро шифо мебахшад.
Агар соидаи сандарусро занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад. Дар дигар хислатҳо монанди каҳрабо аст.

  1. Каҳрабо

Ин ҳам монанди сандарус шилми дарахтест, ки ҳангоми гарм шудан хасҳои майдаро ба худ мекашад. Агар сандарусро бисӯзанд, бӯи бад, яъне бӯи шохи ҳайвон аз он шамида мешавад. Каҳраборо чун бо даст бимоланд, бӯи оби лимӯ аз он дарёфта мегардад. Сандарус назар ба каҳрабо мулоимтар ва бӯи оби лимӯ аз он намеояд, вале каҳрабо сахт аст. Вақте ки каҳраборо бисӯзанд, бӯи мустако аз он ба машом мерасад.

Мизоҷи каҳрабо дар гармиву сардӣ мӯътадил аст ва дар дараҷаи дуввум хушк, ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи якум хунук аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро ос карда бихӯранд, назлаҳо ва хуни биниро манъ мекунад ва намегузорад, ки аз майна ба шуш рутубат резон шавад:
Худашро танҳо бихӯранд, хун кай карданро аз узвҳои даруни сина ва шуш қатъ мекунад. 2,25 грамми онро бо оби хунук биёшоманд, низ хунеро, ки аз даридан ё канда шудани раге аз рагҳои узвҳои даруни сина меомада бошад, мебандад. Ин миқдорро бо гулоб ё бо об биёшоманд, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки аз бисёр ҷамъ шудани сафро ва вобастагии дил ба меъда бошад, шифо мебахшад.

Хӯрдани ин кай ва исҳоли хунинро дафъ мекунад ва моддаҳои зарарнокро аз рехта шудан ба меъда манъ менамояд; хунравиро аз мақъад, бавосир, бачадон, ҷигар, роҳҳои пешоб ва ҳатто хуни ҳайзро ҳам банд мегардонад; барои зардпарвин, сӯзиши пешоб (сӯзок), сустии меъда ва гурда даво мешавад, санги ҳичакро майда карда мерезонад. Агар инро бо мустако бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад, душвор шошиданро дафъ мекунад, барои исҳоли дамодам даво мешавад.

Каҳраборо ос карда, бо сабир (алоэ) даромехта
бимоланд, донаи бавосирро меафтонад.

Соидаи каҳраборо бипошанд, хунашро баста ва лаҳани ҷароҳатҳоро ба ҳам меоварад. Соидаи инро бо

пешина
аз 702
навбатӣ