Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

олонда, фатила сохта, онро оташ гиронида, бар рӯи тахта сарозер биёвезанд ва ба тағаш зарфи мисие гузоранд. Ҳар чӣ аз ин фатилан сӯзон бичакад — ҳамон равғани гӯгирд аст. Агар инро бимоланд, ширинҷа, кӯтур, шукуфаи пӯст, хориш ва ҳамаи дардҳои баданро, ки аз сардӣ бошанд, дафъ мекунад.

  1. Тариқи дигари гирифтани равғани гӯгирд. Гӯгирди зарди софро як миқдор гирифта, бо ним вазни он рег соида, дар колбаи гарданкач меандозанд, ки онро ба рӯяш гили бӯта молида бошанд. Баъд онро бо оташи мулоими баробарҳарорат, яъне якзайл гармидиҳанда тафсонидан даркор аст, то ки гӯгирд аз ҷои худ боло хезад ва аз гардани качи шиша дар давоми ду шабонарӯз берун бичакад. Сонӣ ҳамаи чакидани онро бардошта, дар шиша нигоҳ медоранд — ҳамин равғани гӯгирд аст, ки вақти ҳоҷат ба кор мебаранд.

Ин равған дору мебошад барои бемориҳои сарди бадбӯ, ҳамаи табҳои бадбӯ, таби дурӯздармиёнгиранда, бемориҳои балғамин доимӣ, тоунҳо (чума), захмҳо, ҷароҳатҳо, бавосир, пӯсидани милки дандон, захмҳои даруни даҳан; бемориҳои меъда, ҷигар, сипурз, бачадон, ҳичак ва буғумҳо шифо мебахшад. Ва хӯрда мешавад миқдори камакак аз ин равған бо оби давоҳои муносиб: аз барои таби дурӯздармиён бо обе, ки дар он говзабон ҷӯшонида шуда бошад; барои тоун бо обе, ки дар он турб ҷӯшонида шуда бошад; барои гум шудани шаҳват, яъне барҳам хӯрдани хислати мардӣ бо оби талхшувок; барои дарди меъда ва кулинҷ бо оби пудина; барои сардии ҷигар ва истиско (водянка) бо оби савсани кӯҳӣ; барои гиреҳ ва дарди сипурз бо обе, ки дар он кавар ҷӯшонида шуда бошад; барои оташак (сифилис) бо оби шоҳитара; барои ихроҷ кардани кирмҳои меъда ва рӯдаҳо бо оби талхшувок; барои дарди бачадон бо обе, ки дар он бобунаву говчашм ҷӯшонида шуда бошад ва барои пешоб бандшуда бо шароб мехӯранд. Ва ба решҳои хабиса молида мешавад.

  1. Сафол

Ин зарфест маълум, ки аз гили пухта ва маҳсули кулол мебошад.

Мизоҷаш бисёр хушк аст ва бо андак гармӣ.

Хислатҳои шифобахши он: ҳамаи навъҳои онро

пешина
аз 702
навбатӣ