Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

кӯфта гузошта банданд, варамҳои мулоимро таҳлил медиҳад, захмҳои узвҳои хушкмизоҷро, ки монанди: ғузруф (тағояк) ва барои даридани пӯсти бадан даво мешавад. Сафоли навро кӯфта, бо марҳамҳо даромехта гузошта банданд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад; бо сирко хамир сохта гузошта банданд, хориш, чӯшишҳо, пучак, решҳои сар, кӯтур ва никрис (подагра)-ро шифо мебахшад; бо мумравған сиришта гузошта банданд, варамҳои кӯҳнаро таҳлил медиҳад, ханозер (ҳукгардан) ва ғуддаҳоро дафъ мекунад.

Сафоли чиниро маҳин кӯфта, ба чашм кашанд, гули чашми табақаи қарнияро дафъ менамояд. Агар ин кӯфтаро ба дандон бимоланд, онро аз доғҳои гуногун пок мекунад, милки дандонро мустаҳкам мегардонад ва омадани хунро аз он қатъ месозад.

Сафол ба узвҳои мағзи сар зарар дорад — дар ин маврид равғани бунафша ва равғани нилуфар зиёни онро ислоҳ мекунад.

Сафолеро, ки дар он муддати дароз намак нигоҳ дошта бошанд ё сафолпораҳоеро, ки аз даруни намак ёфта бошанд, инчунин сангрезаҳоеро, ки аз даруни намак ёфта бошанд, ос карда бимоланд ё гузошта банданд, варамҳои нарми сардро, ки дар ҳар узве ба ҳам расида бошанд, хушк мекунад, инчунин онро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм бикашанд, обравии чашмро ислоҳ мекунад.

  1. Оҳан

Ин фулуззи машҳур аст.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар саввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: оби оҳантофтаро, яъне оберо, ки оҳангарон оҳан ё фӯлоди тафсонро дар он сард мекунанд, бинӯшоманд, боҳро бағоят қувват мебахшад, дарупро мебандад, ҷароҳати рӯдаҳоро ба ибро меоварад, бавосирро дафъ мекунад, варами сипурзро таҳлил медиҳад, меъдаро қавӣ мегардонад, беихтиёр равон гаштани пешобро ислоҳ медиҳад, дарди мақъадро таскин медиҳад, зарари саги девона газидаро дафъ менамояд; зардии ранги рухсораро мебарад, исҳолро манъ месозад; дилтапак (дилбозӣ), истисқо (водянка), сустии ҷигар, занфии меъда ва исҳоли хунин дору мешавад, ки хубтарин аст. Агар оҳани тафсонро дар дӯғ

пешина
аз 702
навбатӣ