Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

даромехта, ба беруни чашм ва таги он, ба париҳои бинӣ, лаб, гӯш, таги ҳалкум ва ба сина бимоланд, намегузорад, ки донаҳои обила дар он ҷоҳо пайдо гарданд ва шарташ чунин аст, ки батакрор бояд молид. Ва агар донаҳои нағзак пайдо шуда бошанд, сурмаро бо оби барги кашнизи тар, андак кофур ва каме гулоб даромехта бимоланд, он донаҳоро дафъ мекунад.

Сурмаро ба пешонӣ ва нисфи сар гузошта бабанд, хуни биниро, ки аз пардаҳои мағзи сар меомада бошад, қатъ мекунад.

Агар сурмаро батанҳоӣ ба захмҳои қарнияи чашм бипошанд, онҳоро хушк мекунад ва сиҳат мебахшад, инчунин ба захмҳои ҷойҳои дигар ҳам даво мешавад. Аммо баъд аз сиҳат ёфтани захм дар он ҷо доғи сурма боқӣ мемонад. (Қарния — ин сиёҳии чашм аст, дар баъзеҳо қарния кабуд ё гӯсфандӣ ҳам мешавад).

Сурмаро занҳо аз таг бардоранд, сахтии бачадонро, ки дар тибби ҳозира ноболиғии бачадон (неразвитость матки) меноманд, мулоим мекунад ва ҷараёни хуни ҳайзро қатъ месозад.

Нозукии хосеро дар хусуси сурма маълум намоем, ки барои сурмаро пок ва форам кардан онро месӯзонанд. Ҳангоми сӯхтан дар таркибаш қисмҳои гӯгирд ва нефт, ки ҷой гирифта бошанд, дафъ мегарданд. Сӯхтани сурма ба ин тариқ аст. Санги сурмаро мисли донаҳои нахӯд ва писта реза-реза мекунанду ба чарбии буз печонида, ба оташ мегузоранд, то он ки аз он олангӣ зоҳир гардад, вале набояд бисёр сӯзад. Баъд онро дар шароб ё дар гулоб, ё дар шири хар андохта, хунук месозанду сонӣ ос мекунанд. Баъди ҳамаи ин амал онро мешӯянд. Баъди ҳамаи ин коркардҳо сурма барои истеъмол тайёр мегардад.

Тариқи дигари сӯхтанаш ин тавр аст. Санги сурмаро чун гуфтай боло реза-реза карда, бо равғани гов хамир сохта, дар оташ месӯзонанд, то шӯълавар гардаду дудаш бартараф равад.

Акнун сурмаро баъд аз сӯхтан шустан даркор, ки шустанаш чунин аст. Онро маҳин кӯфта, дар зарфе об бар рӯи он мерезанду барҳам мезананд, яъне мекованд. Баъд ҳамон тавр мегузоранд, то таҳшин гардад. Ва оби онро, ки қисмҳои гӯгирдӣ омехта аст, дур менамоянд. Боз як бор ин амалро такрор мекунанд. Чун аз он, ки қисмҳои гӯгирдиаш нест шуданд, хотирҷамъ шаванд, пас онро мартабаи дигар дар об ос мекунанду

пешина
аз 702
навбатӣ