Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

баъд дар пиёла андохта мекованд. Он чӣ сурмаи омехта ба об аст, дар пиёлаи дигар рехта, он чӣ таҳ-нишин аст, бори дигар сонда, чун пешина шуста ва бар рӯи таҳшинаш боз об рехта, аз нав мекованд. Баъд аз кофтан чизҳои ба об омехта гаштаро бар болои оби пешина рехта, ба таҳшин боз об дохил карда, чун пе-шина ос кардан мегиранд, то он вақт, ки дар тахти пи-ёла ба ғайр аз моддаи сангӣ ва регӣ ҳеҷ чиз боқӣ на-монад. Баъд онҳоро партофта, обҳоро, ки сурма дош-танд, то таҳшин гаштан мегузоранд. Баъди таҳшин шу-дан обҳоро рехта дур карда, таҳшинро дар зарфе ан-дохта, аз болои он ягон матои нафис мепартоянду ха-мон тавр мегузоранд, то он, ки хушк шавад. Ин хушк-шуда сурмаи тайёр аст.

  1. Тӯтиё

Асли ин калима тоҷикӣ — дуднӯ мебошад, вале дар таъсири забони арабӣ монда тӯтиё гаштааст.
Тариқи гирифтани тӯтиё чунин аст:

  1. Вақти сурбро аз маъданаш бароварда, ҳангоми гудохтан кӯраи оташдони онро дутабака месозанд. Қабати якум ҷоест, ки оташ меафрӯзанд. Ба дарозии як ваҷаб аз лойи часпак қаламҳо сохта, хушконида, дар намакоб тар сохта, аз нав хушк карда, сонӣ дар табақаи дуввуми кӯраи сурбгудозӣ, яъне бар болон кӯра ин қаламҳоро чапу рост монанди чалипо болои ҳам мегузоранд. Баъд дар кӯра ба рӯи ангишт сурби хомро гузошта оташ меафрӯзанд, то сурби холис гудохта ва ҷудо гардад. Дар натиҷаи бисёр гудохтани сурб дуди он аз кӯра хеста, ба он қаламҳои гилии бархӯрла мечаспад ва ҷамъу шах мегардад. Вақте ки миқдори муайяни дуда ба он қаламҳо бичаспад, он қаламҳоро берун оварда, дудаашро тарошида мегиранд. Ин дударо тӯтиёи кирмонӣ меноманд. Баъд онро ос карда, монандӣ шустани сурма дар оби оҳак мешӯянду истифода мебаранд.
  2. Тӯтиёи сабз, ки тӯтиёи ҳиндӣ мебошад, ба ин усул тайёр карда мешавад. Мисро бо зоки сафед якҷо сӯхта тӯтиёи ҳиндиро ҳосил мекунанд. Ин дар бемориҳои чашм назар ба тӯтиёи якум камтар ба кор меравад. Дар бемориҳои чашм аксар тӯтиёи кирмониро истеъмол мекунанд.
пешина
аз 702
навбатӣ