Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

миқдор даҳанифарангро бо оби лиму соида, каси афъюнхӯрда бихӯрад, кай мекунад ва он заҳр бо кай дафъ мегардад. Инро маҳз барои дафъ кардани заҳр аз бадан хӯрдан мумкин аст. Дар дигар ҳолатҳо бихӯранмекушод. Аз ин агар заҳролуд гарданд, илоҷпазир нест Ҳатто инро дар даҳон нигоҳ дошта, оби онро фурӯ бурдан ҳам заҳри қотил аст.

Инро соида, бо оби судоб даромехта, дар бинӣ бирезанд, иллати саръ (припадка)-ро шифо мебахшад.
Агар инро бо мушки суда даромехта, се рӯз пайдар ҳам бо воситаи найча ба даруни бинӣ пуф кунанд, низ ҳамин гуна таъсир дорад.

Сондаи инро чун сурма ба чашм кашанд, чашмро пуркувват мегардонад, гули ба ин узв афтодаро дафъ мекунад.

Яке аз хислатҳои аҷоиби даҳанифаранг чунин аст, ки чун инро ос карда ба чашми ҳайвонот бикашанд, пешоби бандшудаи ононро мекушояд. Инро бо сирко сиришта бимоланд, шукуфаи пӯст, ширинчаи савдовӣ дар сар ва дар узвҳои дигар бударо шифо мебахшад.
доғи сафеди пӯст, пес ва азияти каждумгазидаро дафъ мекунад.

  1. Зар

Инро тилло ҳам меноманд, ки номи дуввумаш аз забони ҳиндӣ ба тоҷикӣ гузаштааст.

Зарро дар намуди холис дарёфт мекунанд, аз регҳои дарёҳо ҷудо карда мегиранд ва инчунин аз таркиби сангҳо ҷудо карда ҳосил менамоянд.

Мизоҷаш мӯътадил аст, каме моил ба гармӣ ва андак рутубати табиӣ дорад.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, моддаҳои ғафси дар бадан бударо рақик мегардонад, дил ва майнаро қувват мебахшад; ҳарорати табиии баданро, яъне гармии модарзодиро устувор медорад; фикрро қавӣ ва фаросат (фаҳм)-ро тез мекунад; барои бемориҳои дил, майна, ҷигар, меъда, заҳра, сипурз, гурда, хичак, бачадон, боҳ, бемориҳои сафравӣ ва савдозӣ монанди: дилтапак (дилбозӣ), васвос, тарсончакӣ, ваҳмак, ғам, ҳузн, девонагӣ, саръ, чарх задани сар, сустии меъда ва ҷигар, зардпарвин, бавосирҳои гуногун, сустии гурда давои хуб мебошад, баданро фарбеҳ месозад ва барои иллати махав дуруст аст.

пешина
аз 702
навбатӣ