Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Зари холисро бо марворид дар оби турунҷ ҳал карда бихӯранд, барои бемориҳои дар боло зикрёфта даво мешавад, инчунин рафтани дарун, исҳоли хунин ва маҳавро дафъ мекунад.

Тиллоро бо нашводир ҳал карда бихӯранд, заҳрро аз бадан хориҷ мегардонад ва қуввати боқимондаи он-ро дар бадан мешиканад.

Аз тилло мили сурма бисозанд, чашмро қавӣ мегардонад, дарди чашмро манъ мекунад. Агар ин милро ба чашм кашанд, ғафсӣ ва дағалии пилқҳои чашмро ислоҳ мекунад, гул ва пардаи ба чашм афтодаро дафъ мекунад, кабдуди зери чашмро мебардорад. Дар сӯрохи (раги) чашм, ки аз он об ва ҳирм муттасил баромада меистанд, тиллоро пур намоянд, он иллатро дафъ мекунад.

Зарро бимоланд, дарди дандонро таскин медиҳад. Онро дар даҳан нигоҳ доранд, бӯи бади даҳанро дафъ мекунад. Ордаки онро бипошанд, решҳои хӯрандаро сиҳат мебахшад.

Оберо, ки муттасил тиллои тафсонро дар он сард карда бошид, бинӯшанд, ҳарорати модарзодии бадан, дил ва меъдаро қавӣ мегардонад, исҳолро манъ мекунад.

Ҳали тиллоро бимоланд, фаличро шифо мебахшад, варамҳоро таҳлил медиҳад, ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, ирқульнасо (радикулит)-ро ба ибро меоварад, доғҳои сафеди пӯст ва песро дафъ мекунад.

Аз зар ангуштар сохта, дар ангушт бидоранд, милкаки нохунро шифо мебахшад, саръ (припадка)-и тифлон ва дардҳои гуногуни буғумҳоро дафъ мекунад.

Зари холисро ба гардани тифлон овезанд, дар вақти хоб тарсидани онҳоро дафъ мекунад ва умуман тарсончакии онҳоро ба ибро меоварад. Вале Ҳаким Яшовус ин хосиятро ба донаи санги он, ки ба қадри тухми хардал (горчица) бағоят сахт буда, дар кони тилло мешавад, мансуб донистааст ва на ба зари холис.

Доштани тилло ва нигоҳ кардан бар он сурур мебахшад, андӯҳро дур мекунад, дилро қувват медиҳад, ҳандон мегардонад.

Чун гӯшро бо сӯзани тилло сӯрох кунанд, ҳеҷ вақт он сӯрохӣ баста намегардад.

Ба қавле зарро хӯрдан ба ҳичак ва узвҳои пешоб зарар дорад, агар ин тавр асар кунад, барои ислоҳи

пешина
аз 702
навбатӣ